Дар Тоҷикистон теъдоди нафақахӯрон зиёду нафақапулӣ кам шудааст

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане
Пожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Дар муқоиса бо моҳи апрели соли 2019, нафақаи миёнаи нафақахӯрони тоҷик аз 308 сомонӣ то 301 сомонӣ коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти кишвар, дар Тоҷикистон сатҳи миёнаи нафақа имсол нисбатба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Панорамный вид на крепость в Гиссаре  - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳод барои наҷоти соҳаи сайёҳии тоҷик: таъсиси фонди зиддибуҳронӣ

Дар муқоиса бо моҳи апрели соли 2019, нафақаи миёна ба нафақахӯронони тоҷик аз 308 сомонӣ то 301 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Ҳамин тариқ, коҳиш 2,3% -ро ташкил дод.

Дар ҳоле ки шумораи сокиноне, ки нафақа мегиранд, дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ 715 ҳазору 429 нафарро ташкил додааст.

Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3% зиёдтар аст.

Тибқи маълумоти Агентии омор, шумораи нафақагирон дар аввали моҳи июн 5 ҳазору 585 нафар зиёд шуда, теъдоди умумии он ба 722 ҳазору 14 нафар расидааст.

Ҳаҷми нафақа ва кӯмакпулиҳо дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-майи соли равон бо назардошти бақия дар аввали сол (16,6 миллион сомонӣ) 959,7 миллион сомонӣ (93,1 миллион доллар) -ро ташкил додааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала