“Дарси Данғара”: донишгоҳи тиббии Хуҷанд бошад ё набошад?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон открыл в Горно-Матчинском районе центральную больницу
Эмомали Рахмон открыл в Горно-Матчинском районе центральную больницу - Sputnik Тоҷикистон
Ҷомиаи шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки то ҷашни Истиқлол дастури таъсиси як донишгоҳи тиббиро содир кунад. Аммо вазорати тандурустӣ мегӯяд, ин як нияти хуб, аммо кори ношуданист

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар номае ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сӯи фаъолони ҷамъиятии Хуҷанд дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон низ қарор дода шуд, омада, ки пандемияи COVID-19 рӯи даст гирифтани иқдоми фавриву стратегиро тақозо мекунад ва ин ҳам омода кардани кадрҳои миллии соҳаи тиб, тақвияти хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам сохтани шароити муносиби ҳифзи саломатии шаҳрвандон аст.

В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей - Sputnik Тоҷикистон
Гранти 5 миллион долларӣ барои нақлиёти Хуҷанд: вазир гуфт, чанд пул барои чӣ сарф мешавад

Ба ин хотир “шаҳрвандони Тоҷикистон аз дохил ва хориҷи кишвар” аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки дастури таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хуҷандро ҳамчун як “туҳфаи арзанда ба мардуми кишвар” дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон содир намояд ва ҳам номи донишгоҳро пешниҳод мекунанд: Донишгоҳи давлатии тиббии Хуҷанд ба номи Абӯбакр Закариёи Розӣ.

Ин пешниҳод дар ҳолест, ки ҳоло дар Тоҷикистон чандин донишгоҳу коллеҷ ва донишкадаи тиббӣ фаъолият мекунанд ва аз сӯи дигар, интиқодҳое ҳам аз сатҳу сифати мутахассисони тиб гоҳ – гоҳ садо медиҳад. Оё чӣ зарурате ба як донишгоҳи дигар дар кишвар ҳаст?

7 далели хуҷандиҳо ба Президент барои ташкили донишгоҳ

Фаъолони ҷамъиятӣ барои таъсиси донишгоҳи тиббӣ дар Хуҷанд ё сеюмин донишгоҳи тиббӣ дар Тоҷикистон 7 далел меоранд. Аввал, тибқи иттилои расмӣ, дар шимоли Тоҷикистон ҳоло 800 пизишк ва 150 корманди соҳаи тибб намерасад, қабл аз ҳама ба хотири “муҳоҷирати баланд” - и кормандони тиб ба хориҷа.

Ситуация в связи с коронавирусом в городах России - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд сабаби норасоии табибон дар шаҳри Хуҷандро шарҳ дод

Дуюм, Хуҷанд дуюмин шаҳри калони кишвар буда, тамоми зерсохтори лозимаро барои як донишгоҳ, қабл аз ҳама кадрҳои илмӣ дар соҳаи тибро дорад.

Сеюм, вилояти Суғд аз маризиҳои сироятӣ осебпазир ва вазъи нигаронкунанда дорад, бахусус теъдоди беморони онкологӣ ба далели мавҷудияти партовгоҳҳои хатарнок ва радиатсияи баланд рӯ ба афзоиш аст. Равоншиносу психотерапевтҳо заруранд, чун солҳост, ки вилоят омори баландтарини худкушӣ дар кишварро дорад.

Муаллифон бар инанд, ки зукоми COVID-19 солҳои дароз боқӣ мемонад ва пайдо шудани бемориҳои нави сироятӣ низ аз эҳтимол дур нест.

Чорум, ҷавонон, бахусус духтарон ба далели “ташвишҳои айнӣ ва маконӣ” наметавонанд дар донишгоҳҳои дур таҳсил кунанд. Панҷум, теъдоди қобили мулоҳизаи ҷавонон дар хориҷи мамлакат - Русия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон - бо шартнома таҳсил мекунанд ва таъсиси донишгоҳи тиббӣ дар Хуҷанд ин сармояи бузургро дар хизмати иқтисоди миллӣ қарор медиҳад.

Девочки плачут, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷанҷолҳои калони хонаҳои танг: афзоиши хушунати хонаводагӣ дар замони “вируси корона”

Шашум, кадрҳои тибби Тоҷикистон дар минтақа ва Ҳинду Покистон эътибори махсус доранд ва ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯёни ин кишварҳо барои таҳсил ба Тоҷикистон меоянд.

“Ҷалб намудани онҳо ба муассисаҳои таълимии соҳаи тиб метавонад даромади иловагӣ ба буҷети мамлакат гардад”, - омадааст дар нома.

Ҳафтум, табибони тоҷик дар хориҷа - Русия, олами араб, Ҳинду Бангладеш, Ветнам ва ҳатто Олмон ҷойи кор ва мақому манзалати хос доранд.

“Пешбинӣ мешавад, ки дар дунё бо назардошти пандемияи COVID-19 талабот ба ҷалби мутахассисони соҳаи тибб меафзояд ва ин фурсат набояд сарфи назар шавад”, - менависанд муаллифон.

Андешаи муовини вазир

Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Sputnik Тоҷикистон ин пешниҳод ва далелҳоро як нияти нек, аммо дар ҳоли ҳозир ғайри қобили иҷро хонд. Вай афзуд, агар гап дар як қарори ҳукумат ва ҳам тахсиси бино барои як донишгоҳ дар Хуҷанд бошад, ин як кори содда ва амалӣ аст.

Врачи госпиталя для зараженных коронавирусной инфекцией COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Аз норасоии табибон то “илтиҳоби шуш”: вакилони Хуҷанд чӣ гуфтанд?

“Аммо барои таъсиси донишгоҳ як пойгоҳи қавӣ зарур аст, зеро сатҳи касбии пизишки ояндаро маҳз пойгоҳ маълум мекунад. Дасти кам 60 кафедра лозим аст, ки онҳоро ҳадди ақал дотсенту доктори илм раҳбарӣ кунанд ва чанд муаллими қавӣ ҳам дошта бошад. Як доктор ё номзади илм солҳои дароз тайёр мешавад. Ҳимояи рисолаи докторӣ аз 3 то 15 сол кор мехоҳад. Донишгоҳ бояд киникаҳо дошта бошад, масалан, барои омӯхтани ҷарроҳӣ. Фақат бо як китоб хондан – назария намешавад кадр сохт. Агар дар вилояти Суғд чунин захираи кадрӣ бошад, ҳеҷ мушкиле нест, ки як донишгоҳ ҳам таъсис шавад”, - гуфт  Шодихони Ҷамшед.

Назари сеюм

Мутахассиси соҳа, ки нахост номашро зикр кунем, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон мушкиле умдатар дар соҳаи омода кардани кадрҳои соҳаи тиб сатҳу сифати касбият аст, на боз кардани донишгоҳу донишкада. Вай афзуд, Донишгоҳи Данғара, дуввумин донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ҳамоно дар марҳалаи такмил ёфтан аст, зеро қабл аз таъсис шароиту заминаҳои қавӣ надошт ва сифати кадрии он аз донишгоҳи Душанбе фарқ мекунад. 

Лиса в городе-призраке Припять  - Sputnik Тоҷикистон
Се шағол маҳв шуда, чанд тои дигар фирор кард: амалиёт алайҳи ҳайвоноти ваҳшӣ дар Хуҷанд

“Аз сӯи дигар, бояд ҳамин кадрҳои будагиро қавӣ кунем ва дар кишвар нигоҳ дорем. Теъдоди хатмкунандаҳои макотиби тиббӣ зиёд аст, аммо беҳтаринҳояшон баромада рафта истодаанд. Мушкили доғ нигоҳ доштани ҳаминҳо аст. Гирудор бо COVID-19 нишон дод, ки соҳаи тандурустӣ бояд дастгирӣ шавад ва кадрҳои бақувватро набояд аз даст диҳем. Давлат харҷ карда, кадр омода мекунад, аммо онҳо ба хориҷа мераванд. Мо барои кишварҳои хориҷӣ кадр намебарорем. Онҳо кадри тайёри моро гирифта истодаанд”, - гуфт ҳамсӯӯҳбати мо.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар ду донишгоҳ дар Душанбеву Данғара, 25 коллеҷ, як донишкада бо филиалҳояш дар Суғду Хатлон ва се маркази ҷумҳуриявии таълимӣ бо филиалҳояш дар манотиқи ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала