Фаврӣ: Додгоҳ ҳукми Отамбоев, собиқ президенти Қирғизистонро эълон кард

Обуна шудан
Ҳукми зиндони собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар доираи парвандаи озодкунии ғайриқонунии ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Бишкек собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро ба 11 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Собиқ роҳбари ҷумҳурӣ дар парвандаи мақоми ҷиноятӣ Азиз Батукаев ба фасодкорӣ гунаҳгор дониста шуд.

Қаблан прокуратураи Қиғизистон Алмосбек Отамбоевро бо ин ҷурм гунаҳгор дониста ба ӯ 15 соли зиндон ва мусодираи амволаш талаб карда буд.

Рабочий визит В.Путина в Астану для участия в заседании ВЕЭС - Sputnik Тоҷикистон
Талаби 15 соли зиндон ба собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев

Айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин ба муттаҳамони дигари парвандаи Азиз Батукаев собиқ прокурории генералии Қирғизистон  Индира Ҷолдубаве 15 сол, ва барои ду мансабдори дигар - мушовири пешини сардори Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо Қалибек Качкиналиев ва собиқ директори Маркази миллии гематологӣ Абдуҳалим Раимҷонов - 13 солӣ зиндон талаб карда буд.

Гуфта мешавад дар маҷмӯъ 19 нафар дар парвандаи раҳоии Азиз Батукаев муттаҳам мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2006 Батукаев барои ташкили тазоҳурот дар як муассисаи ислоҳотӣ дар канори Бишкек ба 16 солу 8 моҳ зиндонӣ шуд.

Он замон,  дар натиҷаи тазоҳурот дар зиндон, вакили қирғиз Тиничбек Акматбоев, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазо Ҳикматулла Полотов ва ду аъзои порлумон кушта шуданд.

Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков на второй Консультативной встрече глав государств Центральной Азии в городе Ташкент (Узбекистан). 29 ноября 2019 года - Sputnik Тоҷикистон
Жээнбеков гуфт тақдири Отамбоев бароям бетафовут нест

Соли 2013 Батукаев бар асоси хулосаи ташхиси тиббӣ, гӯё ӯ ба саратони хун гирифтор аст, аз зиндон озод шуд. Аммо Батукаев бо гузашти ҳамагӣ чанд соат шиносномаи нав гирифт ва қаламрави Қирғизистонро тарк кард.

Зимнан, тафтишот муайян намуданд, ки дар раҳо шудани Батукаев худи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев даст доштаст.

Алмосбек Отамбоев, ки моҳи августи соли гузашта пас аз як задухӯрди шадид миёни ҷонибдорони ӯ ва низомиёни дастаи таъиноти махсуси Қирғизистон дастгир карда шуд, то ҳол дар КДАМ ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад.

Ӯро дар содир намудани чандин ҷиноятҳо муттаҳам медонанд.

Лентаи хабарҳо
0