Форсии тоҷикӣ забони расмӣ дар Ӯзбекистон?

Ҳаким Рабимпур ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушанфикрони шаҳри Самарқанд аз раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дархост кардааст, ки ба забони форсии тоҷикӣ дар ин кишвар мақоми расмии давлатӣ эъто кунад

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik.  Ба нақл аз сомонаи pressa.tj, Ҳаким Рабимпур дар номае ба Шавкат Мирзиёев бо ишора ба таърих ва ҷойгоҳи забони форсии тоҷикӣ дар Ӯзбекистон ва ба далели баррасии дубораи қонуни забони давлатӣ дар ин кишвар, ки аз аввали моҳи июл оғоз мегардад, аз вай дархост кардааст, ки ба забони форсии тоҷикӣ мақоми расмии давлатӣ эъто кунад.

Работа за ноутбуком, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сомонаи ВУХ Узбакистон ба забони тоҷикӣ хабар нашр мекунад

Дар ин нома ҳамчунин аз Шавкат Мирзиёев дархост шудааст, ки донишкадаи омӯзгории шаҳри Самарқандро, ки дар дарвони шуравӣ барои мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон омӯзгор тарбият мекард, бозгушоӣ кунад.

Ҳамчунин рушанфикрони Самарқанд  дар номаи худ таъкид кардаанд таъсиси шуъбаҳои ин донишкада дар тамомии вилоятҳои Ӯзбекистон, ки дорои мактабҳои тоҷикӣ мебошанд, зарурат дорад.

Аз дигар пешниҳодҳои матраҳшуда дар номаи рушанфикрони самарқандӣ таъсиси театрҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд ва эътои иҷозатномаи  фаолият ба марокизи фарҳангӣ дар шаҳрҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала