Насиб набудааст: чаро Жээнбеков ба Маскав омаду Путинро надид ва зуд рафт?

© Пресс-служба президента КР / Султан ДолаиевПрезидент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Ду узви ҳайати Қирғизистон, ки якҷо бо Сооронбой Жээнбеков ба Маскав барои иштирок дар тантанаҳои Рӯзи Пирӯзӣ сафар карда буданд, олудаи коронавирус будаанд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ҳайати Қирғизистон бо роҳбарии президенти кишвар Сооронбой Жээнбеков саросемавор тарки Маскав карданд, хабар дод котиби ӯ Тулғуной Стамалиева.

Президенты на церемонии возложения цветов к Могиле Неизвестного солдата - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба пояи оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбар гузошт - навор
"Ҳайати Қирғизистон аз Маскав ба Бишкек парвоз кард"- гуфт вай.

Тавре маълум гардид, ҳайати кишвар баъди маълум шудани он, ки аъзои он гирифтори коронавирус будаанд, тарки Русия намуданд.

Стамалиева қайд кардааст, ки Жээнбееков пеш аз баргаштан бо президенти Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ дошт.

Ёдрас мешавем, рӯзи гузашта раисҷумҳури ҚИрғизистон бо сафари расмӣ барои иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Пирӯзӣ озими Русия шуд.

Мувофиқи низомнома пас аз расидани ҳайати кишвар аз ташхиси коронавирус гузаштанд. Натиҷаҳои он муайян карданд, ки ду узви ҳайати Қирғизистон мабталои КОВИД-19 будаанд.

Путин бо Раҳмон, Тоқаев ва Мирзиёев мулоқот кард

Бо ҳамин далел Жээнбеков маҷбур шуд аз иштирок дар чорабинӣ даст кашад.

Дафтари матбуотии президент афзудааст, ки акнун Жээнбеков дар карантин мемонад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала