Нашри ҳолномаҳои аъзои Маҷлиси миллӣ: аз серфарзандию забондонӣ то хатми академияи хориҷӣ

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар сомонааш ҳолномаи аъзои ҷадид, аз ҷумла раис ва муовинонашро нашр кардааст, ки бар асоси он бисёрашон волидони серфарзанд ва донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Палатаи болоии парлумон нашри ҳолномаҳоро аз раис, Рустами Эмомалӣ оғоз кардааст, ки бар асоси он як донишгоҳу ду академияро хатм карда, донандаи се забони хориҷӣ мебошад.

Рустами Эмомалӣ – донандаи 4 забону хатмкардаи ду академия

Тибқи ҳолномаи нашршуда, Рустами Эмомалӣ 19-уми декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.  Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Рустам Эмомали председатель города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Вокуниши Рустами Эмомалӣ ба шикояти корбарони Фейсбук: дар як сол хона сохта медиҳанд

Солҳои 2006-2009 сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2009 иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, солҳои 2009-2011 сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, солҳои 2011-2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2012-2013 муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2015-2017 масъулияти роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошта, аз январи соли 2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. Ба ғайр аз забони тоҷикӣ забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.
Оиладор.

Аҳмадзода, падари 4 фарзанд ва хатмкардаи донишгоҳу академияи хориҷӣ

Аҳмадзода Раҷаббой 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1993 Донишгоҳи химия-технологияи Ҷумҳурии Қазоқистон ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) бо ихтисосҳои муҳандис-технолог, иқтисодчӣ хатм кардааст.

Рабочий визит Эмомали Рахмона в Горно-Матчинский район - Sputnik Тоҷикистон
Мастчоҳ дар интизори Эмомалӣ Раҳмон: ёвари президент омодагии ноҳияро санҷид

Дар вазифаҳои муҳандис-технологи сехи шишабарории заводи «Лаъл», муовини сардори заводи «Сангбурӣ», сардори Идораи робитаҳои иқтисоди берунии Ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал», муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал», директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал»-и шаҳри Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум), раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз 7 марти соли 2018 дар вазифаи раиси вилояти Суғд фаъолият дорад.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.  Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 апрели соли 2020 муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Забони русиро медонад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Ёдгор Файзов – ветеринар, падари 4 фарзанд, донандаи 2 забони хориҷӣ

Файзов Ёдгор Доёрович 30 декабри соли 1961 дар ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1984 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (собиқ Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон) ва соли 1990 Мактаби олии комсомолии шаҳри Москваро бо ихтисос­ҳои ветеринар ва сиёсатшиносӣ хатм кардааст.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Сипос ва пешниҳодҳои нави раиси ВМКБ ба Бунёди Оқохон

Дар вазифаҳои духтур — ветеринари Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инструктори Комитети комсомолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мудири шуъбаи ташкилии Комитети комсомолии шаҳри Хоруғ, котиби якуми Комитети комсомолии шаҳри Хоруғ, котиби якуми Комитети комсомолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси Созмони ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини менеҷери генералии Барномаи рушди деҳоти Фонди Оғохон, менеҷери генералии Барномаи рушди деҳоти Фонди Оғохон, директори Фонди Оғохони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз 1 октябри соли 2018 то 25 феврали соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ ва аз 25 феврали соли 2019 дар мансаби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор мекунад.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2019-2020) буд. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 апрели соли 2020 муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Ҳакимзода-номзади илм, донандаи забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ – бо луғат

Бар асоси ҳолномаи нашршуда, Қурбон Ҳакимзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон, соли таваллудаш 1 апрели соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Таъиноти кадрӣ дар Хатлон: ҳафт нафар вазифа гирифтанд - се зан

Соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқи  Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим хатм карда, номзади илмҳои кишоварзӣ мебошад. Забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва англисиро (бо луғат) медонад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Моҳи сентябри соли 2019 бо ордени «Шараф» дараҷаи 3 сарфароз гардонида шудааст. Оиладор.

Дар мавриди собиқаи кории Ҳакимзода зикр шудааст, ки солҳои 1988-1993 - агрономи хоҷагии ба номи С.Урунхоҷаеви ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1993-1995 - раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Селхозхимия», сипас дар бахши кишоварзия замин кор карда, солҳои 2006-2008 - муовини раиси вилояти Суғд будааст. Соли 2008 (01-03) - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, солҳои 2008-2010 - раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, соли 2010 (06-09) - иҷрокунандани вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, солҳои 2010-2013 - раиси ноҳияи Фархор, солҳои 2013-2018 - муовини якуми раиси вилояти Хатлон, солҳои 2018-2019 - раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 14 январи соли 2019 то инҷониб раиси вилояти Хатлон мебошад.

Дар сомонаи Маҷлиси миллии Тоҷикистон инчунин ҳолномаҳои аъзои дигари палатаи болоии парлумон гирд оварда шудаанд, ки хонандагон метавонанд аз пайванди зер дастрас намоянд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала