Як мушти ҷонкоҳи сокини пойтахт ҷавони 25 - соларо беҳуш ва ғарқи канали Варзоб кард

Обуна шудан
НовостиTelegram
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз як ҳодисаи ғарқшавӣ дар канали Варзоб хабар медиҳад, ки дар натиҷаи муноқишаи ду ҷавон сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Муноқишаи як сокини 32 - солаи пойтахт бо ҷавони 25 - сола аз вилояти Хатлон ба марги охирон анҷомид.

Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ: дар кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон 28 нафар ғарқ шуданд: 9 ноболиғ

Котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар медиҳад, ки як шаҳрванди 25 - сола дар канали дереватсионии НОБ-и Варзоб ғарқ шудааст.

Сокини 10 - солаи Кушониён дар заҳбур ғарқ шуд

Манбаъ меафзояд, номбурда сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон буда, дар муноқиша ва муштзанӣ бо сокини 32 - солаи пойтахт аз ҳуш рафтаву ба канал сарнагун шудааст. 

Зимнан, наҷотбахшони кумитаи мазкур пас аз дарёфт намудани ин хабар ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо натиҷаи корҳои кофтукобӣ то соати 19:40 дақиқаи рӯзи 24 - уми июн бенатиҷа анҷом ёфт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҷустуҷӯи ҷасад имрӯз боз идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0