269 ҳолати ҷадид ва фавти 3 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксМедицинские работники, архивное фото
Медицинские работники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Қирғизистон теъдоди ҳолатҳои ҷадиди мубталошавӣ ба коронавирус ва ҳамчунин шумораи қурбониён рӯ ба афзоиш аст

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Шабонарӯзи ахир дар Ҷумҳурии Қирғизистон боз 3 маризи коронавирус фавтидаанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Президент Киргизии Сооронбай Жээнбеков в Московском Кремле перед началом Парада Победы в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаҳои санҷиши президенти Қирғизистон барои коронавирус маълум гардид

Манбаъ аз қавли муовини вазири тандурустии ин кишвар Нурбулот Усенбоев хабар медиҳад, ки се қурбонӣ 54, 61 ва 67 - сола буданд, ки дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфта ёфтанд.

Зимнан, муовини вазир тавзеҳ додааст, ки марҳумон дар баробари маризии коронавирус боз аз чанд касалии дигар низ азият мекашиданд.

Нурбулот Усенбоев ҳамчунин аз 269 мавориди ҷадиди гирифторшавӣ ба ин маризӣ давоми як рӯз хабар дод. Ба гуфтаи ӯ аксар маризон намедонанд, ки дар куҷо ва дар кадом шароит ба ин беморӣ гирифтор шуданд.

Афзоиши фавт аз коронавирус дар Қирғизистон: 45 мариз дар ҳолати вазнин қарор доранд

Ба ҳамин минвол, дар Қирғизистон акнун шумораи умумии қурбониёни вируси COVID - 19 ба 50 нафар баробар шуд.

Ҳамчунин теъдоди умумии маризони коронавирус ба 5017 нафар расидааст. Тайи чанд рӯзи ахир, анқариб ҳамарӯза беш аз 200 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ сабт мегардад.

Шумораи рекордии гирифторшавӣ ба ин беморӣ рӯзи шанбе сабт гардида буд. Он рӯз 306 нафар тоза мубталои бемории коронавирус гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала