Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

51 мавриди ҷадид: омори тозаи коронавирус дар Тоҷикистон

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 51 ҳолати ҷадиди сироятшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирус барои як рӯзи охирро нашр намуд.

Люди в защитных масках на улице Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон якбора афзуд

Бар хабари котиботи вазорат, шабонарӯзи гузашта ба ин маризӣ боз 51 нафари дигар мубтало шудааст.

54 ҳолати ҷадид: омори нави сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Бо илова шудани мавориди ҷадид, шумораи умумии дардмандони коронавирус дар Тоҷикистон ба 5900 нафар расид.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, то имрӯз дар мамлакат 4506 (76,3%) нафар аз COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 264 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 58 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд". - таъкид мешавад дар хабар.

Қобили зикр аст, имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шуда ба аҳолии ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала