Сафир арзон мегӯяду мардум қимат: нархи чиптаи парвоз ба Тоҷикистон чӣ қадар аст?

© Sputnik / Pavel Lvov / Гузаштан ба хазинаи аксПассажиры возле касс международного аэропорта Мурманск
Пассажиры возле касс международного аэропорта Мурманск - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз боз шудани равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия, мардумро арзиши гарони чиптаи ҳавопаймоӣ нигарон кардааст

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар замони пандемияи коронавирус дар Русия дармонда буданд, акнун бо пиёда гардидани парвозҳои чартерӣ хоҳиши ба ватан рафтанро доранд. Аммо нархи гарони чипта онҳоро нигарон намудааст.

Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон
Субҳонзода: нақша аст, ки ҳафтае 6 парвоз байни Душанбе ва Париж анҷом шавад

Давоми чанд рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксар корбарон нархи чиптаи парвоз самти Русия Тоҷикистонро аз 35 то 40 ҳазор рубли руси арзёбӣ мекунанд, ки барои муҳоҷирони тоҷик ин нарз ниҳоят гарон аст.

Аммо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов мегӯяд, нархи чиптаи парвоз на 35 - 40, балки 23 - 24 ҳазор рубл аст.

Панҷ парвоз аз Душанбе ба Русия то июл: рӯзҳои хатсайр дақиқ шуданд

Вай таъкид кардааст, ки ин нарх дар муқоиса бо солҳои пеш ва даврони қабл аз густариши маризии коронавирус гаронтар аст, зеро ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҷбуранд барои ҷуброни хасорати қатъи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия ва пардохти маоши коркунони хеш нархи чипта дар масири Маскав ба Душанберо боло баранд.

Зимнан, тоҷикистониён дар Русия барои харид кардани чипта низ мушкилӣ мекашанд, зеро сафи хоҳишмандони сафар ниҳоят зиёд аст.

Хушназар ном як ҷавони тоҷик, ки давоми чор сол дар муҳоҷират қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, феҳрати нафарони дар навбатистода бисёр тӯлонӣ аст.

"Чанд рӯз пеш ба сафорати Тоҷикистон дар Русия рафта будам, бо дидани шумораи зиёди одамон ба хулоса омадам, ки навбати ман шояд тирамоҳ мерасад", - бо таассуф изҳор дошт ӯ.

Бар асоси барномаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон то рӯзи 14 июли соли равон ду ширкати Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр бо ҳашт парвози  фавқулода садҳо коргари муҳоҷири бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои ононро ба ватан бармегардонанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала