Раҳмон ба Суғд сафар кард: пешвози Президент дар фурудгоҳ бо ниқобу фосила

© Пресс-служба Президента РТ Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд сафар кард
Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд сафар кард - Sputnik Тоҷикистон
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кард

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти нав иштирок хоҳад кард.

Президент РТ Эмомали Рахмон и руководитель ОТО Саид Абдулло Нури на переговорах о мире - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: мо бо ҳизби наҳзат ягон созишномае имзо накардаем

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.

Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар бо рафти корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла роҳу усулҳои истифодаи мақсадноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ шинос мешавад ва бо коргарон ва сокинони вилоят мулоқоту вохӯриҳо анҷом хоҳад дод.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои пешрафту тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақшаву барномаҳои мукаммал амалӣ гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала