Гармии тоқатфарсою навбатпоӣ: раъйдиҳӣ барои ислоҳоти сарқонуни Русия дар Душанбе

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГолосование по поправкам в конституцию РФ в Таджикистане
Голосование по поправкам в конституцию РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Бо вуҷуди гармии шадид дар ҳавзаи интихоботӣ барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Русия дар назди сафорати Русия дар Душанбе навбатпоии тӯлонӣ идома меёбад

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон овоздиҳӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Русия дар шаш участкаи интихоботӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Sputnik Тоҷикистон.

Тибқи иттилои сафорати Русия дар Душанбе, 5208 шаҳрванди Русия дар тӯли шаш рӯз (ба истиснои участкаи интихоботӣ дар консулгарии Хуҷанд) то соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ (12 соати вақти Маскав) овоз доданд.

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГолосование по поправкам в конституцию РФ в Таджикистане
Гармии тоқатфарсою навбатпоӣ: раъйдиҳӣ барои ислоҳоти сарқонуни Русия дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Голосование по поправкам в конституцию РФ в Таджикистане

Танҳо дар шаҳри Душанбе ба сафорат 630 нафар шаҳрвандони Русия барои овоздиҳӣ омаданд.

"Дар ҳавзаи интихоботии Сафорати Русия дар Душанбе шумораи зиёди раъйдиҳандагон дар навбатанд", - иттилох медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Тибқи талаботи санитарӣ-эпидемиологии “Роспотребнадзор” дар даромадгоҳи сафорат ҳар касе, ки ба овоздиҳӣ омадааст, табашро тафтиш мекунад, дастҳо бо антисептикҳо шуста мешавад ва агар раъйдиҳанда ниқоб ва дастпӯшак надошта бошад, пас ба ӯ дода мешавад.

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГолосование по поправкам в конституцию РФ в Таджикистане
Гармии тоқатфарсою навбатпоӣ: раъйдиҳӣ барои ислоҳоти сарқонуни Русия дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Голосование по поправкам в конституцию РФ в Таджикистане

Чунин чораҳо бо сабаби пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус андешида шудаанд.

Ҳамчунин ба нафароне, ки бо оилаҳо омада буданд, хоҳиш карда шуд, ки дар бино якдигарро интизор нашаванд, балки баъди овоз додан ба берун бароянд.

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГолосование по поправкам в конституцию РФ в Таджикистане
Гармии тоқатфарсою навбатпоӣ: раъйдиҳӣ барои ислоҳоти сарқонуни Русия дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Голосование по поправкам в конституцию РФ в Таджикистане

Қобили зикр аст, ки имрӯз Душанбе хеле гарм аст, ҳарорати ҳаво то 35 дараҷа боло рафтааст.

Аммо, сарфи назар аз чунин ҳавои гарм ва набудани шамол, шаҳрвандони Русия дар барои овоздиҳӣ дар навбатанд.

Мувофиқи талаботи “Роспотребнадзор” барои овоздиҳӣ якнафарӣ бо риояи фосила ба сафорат ворид карда мешавад.

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГолосование по поправкам в конституцию РФ в Таджикистане
Гармии тоқатфарсою навбатпоӣ: раъйдиҳӣ барои ислоҳоти сарқонуни Русия дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Голосование по поправкам в конституцию РФ в Таджикистане

Дар Тоҷикистон 3580 раъйдиҳанда пеш аз мӯҳлат овоз доданд, ки дар байни онҳо хизматчиёни пойгоҳи ҳарбии 201, дипломатҳо ва оилаҳои онҳо ва кормандони идораҳои хориҷаи Русия дар Тоҷикистон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала