Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 22 млн доллар корхонаи истеҳсолӣ бунёд мешавд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкНа швейной фабрике. Архивное фото
На швейной фабрике. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхона аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» бахшида ба 30-солагии Истиқлолият сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаҳои истеҳсоли шишаи сохтмонию маишӣ ва рангубори ресмони пахтагин сохта мешавад, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳуи Тоҷикистон.

Лоиҳаи ин корхонаҳо зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи дӯзандагии ҶДММ "Суғдиён" ба президент муаррифӣ карда шуд.

Идомаи сафари кории Президент ба Суғд: Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд расид

Гуфта мешавад, ки корхонаҳо аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд.

"Корхонаи истеҳсоли шишаи сохтмонӣ ва маишӣ бо харҷи 22 миллион доллар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки дар ин корхона бояд дар як сол 7 миллиону 200 ҳазор метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ ва маишӣ истеҳсол карда шавад.

Супориши Раҳмон ба Ҷамъияти "Суғдиён" барои дӯхтани либоси босифат

Корхонаи рангубори ресмони пахтагин бошад, дар заминаи бинои нотамоми ҳамшафати ҶДММ «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо харҷи 2 миллиону 500 ҳазор доллар бунёд хоҳад шуд.

Тибқи нишондоди лоиҳа дар ин корхона дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагин рангубор карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0