Дастури президент: Ширин Исматуллозода ба ВМКБ сафар кард

© NakibMurodovИсматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазири Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. Мақсад аз сафар шиносоӣ бо соҳаҳои тандурустӣ ва маориф мебошад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik.  Бо  дастуру раисҷумҳури Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ ва назорати масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ВМКБ сафар кард, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Инчунин мақсади сафари гурӯҳ таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва дар ин замина гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гуфта мешавад.

"Зимни сафари корӣ мавриди баррасӣ қарор додани як зумра масъалаҳо, баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мардум ва ҷалби онҳо бо корҳои ободонию созандагӣ,  омӯзиши ҳолати санитарию эпидемиологӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, табобати беморон ва нақшаҳо дар самти бунёди беморхонаҳои сироятӣ дар назар аст", - менависад манбаъ.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Баррасии пешвозу гусели Раҳмон дар ВМКБ: Ёдгор Файзов фаҳмонд, ки чӣ бояд кард

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш, таъминоти хонандагон бо либоси мактабӣ,  таъминокии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо катҳои хоб, доруворӣ, таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои табибон, раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар иншоотҳои бунёдшавандаи ҷашнӣ, инчунин  тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустии вилоятро хоҳад санҷид.

Сафари корӣ аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ оғоз гардида, давоми чанд рӯзи дигар дар ноҳияҳои Рӯшон, Рошқаъла, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ идома меёбад.

Музаффар Имомдод: аз воҳимаи COVID - 19 дар ВМКБ то ризокории 3000 ҷавон ва сахои мардум

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала