Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз бо кишвардори Русия Владимир Путин телефонӣ суҳбат карда, ҳамтои русашро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсия, табрик намуд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ибтидои суҳбат президенти Тоҷикистон Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Русия табрик намуда, таъкид кард, ки нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон дар он, боз як далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ дар Русия пеша кардааст.

Раҳмон ҳамчунин зикр кардааст, ки тағйироти конститутсионӣ ба раванди рушди босуботи кишвар такони тоза бахшида, ҳатман ба нафъи тамоми шаҳрвандони Русия хизмат хоҳанд кард.

Дар ин зимн, Президенти Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Русия сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу намудааст.

Манбаъ афзуда, ки президентҳои Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0