Мутахассисони ҷавон дар пеши раиси шаҳри Бохтар чӣ қасам доданд?

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Бохтар мутахассисоне, ки тариқи озмун кор қабул гардиданд, дар назди раиси шаҳр савганд ёд карданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бино бар иттилои рӯзномаи Ҷумҳурият ахиран дар толори бинои мақомоти шаҳри Бохтар бо иштироки раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода маросими савгандёдкунии ишғолкунандагони мансабҳои давлатӣ баргузор шуд. 

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Президент 8 нафарро таъйин ва ҷаласаи аввалро даъват мекунад: аз интихоби раис то савганд

 Тибқи иттилои манбаъ, ин нафарон тибқи озмуни мансабҳои холии маъмурии хизматчии давлатӣ бо қарори ҳайати комиссия бо мутобиқатии талаботи тахассусӣ ба кор қабул гардиданд. 

Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар зикр намудааст, ки ҳар як хизматчии давлатӣ, дар баробари риояи реҷаи корӣ, бояд поквиҷдон, таҳаммулпазир, ҳақиқатталаб ва фидоии кор бошад.

“Ба савганди худ вафодор монда, тамоми саъю кӯшишашро баҳри пойдории сулҳу оромӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон равона созад”, - афзуд вай.

Ҳамзамон, вай таъкид дошт, ки нафароне, ки ба кор ҷалб шуданд бо аҳолӣ бояд хушсухан ва хушмуомила бошанд, зеро яке аз талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби маъмурӣ, маҳз риояи одоби муошират бо аҳли ҷомеа ба шумор меравад. 

Лентаи хабарҳо
0