Раҳмонзодаву Аҳмадзода лентаро буриданд: гузаргоҳи зеризаминӣ дар Хуҷанд ифтитоҳ шуд

© Пресс-служба главы Согдийской областиАҳмадзода ва Раҳммонзода ҳангоми ифтитоҳи гузаргоҳи зеризаминӣ дар Хуҷанд
Аҳмадзода ва Раҳммонзода ҳангоми ифтитоҳи гузаргоҳи зеризаминӣ дар Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Хуҷанд, ба фаъолияти гузаргоҳи зеризаминии навбунёд расман ҳусни оғоз бахишида шуд. Ин иншоот, ки гуфта мешавад дарозтарин гузаргоҳ дар Тоҷикистон шумурда мешавад, дар канори бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд сохта шудааст

ДУШАНБЕ, 2 июл – Sputnik. Бино ба иттилоъи Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии ҳукумати Хуҷанд, ин гузаргоҳ имрӯз бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

“Фармоишгар ва пудратчӣ иншооти мазкур, ҶДММ “Сохтмончиёни Суғд” буда, лоиҳаи он аз ҷониби Пилҷ “Санииосп” таҳия гардидааст. Масоҳати умумии қитъаи замини иншоот 5054,4 м2 буда, дарозии он 260 ва бараш 18 метр ва аз 10 даромадгоҳ иборат аст. Ин дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар Тоҷикистон мебошад”, - иттилоъ додааст Юсуфзод.

Бино ба иттилоъи манбаъ корҳои сохтмонии иншоот соли 2018 оғоз гардида, бо харҷи 20 милион сомонӣ он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Алиев дар вақти пешбинишуда ба иҷро расонида шудааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Идомаи сафари кории Президент ба Суғд: Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд расид

 Гузаргоҳи зеризаминӣ дорои 114 нуқтаи савдо буда, дар имкони бо шуғл таъмин шудани то 300 нафар фароҳам хоҳад шуд. Тавре аз аксҳои нашршуда дида мешавад, лентаи расмии ифтитоҳи ин иншоотро Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд буриддаанд.

Ин аввалин мавриди лентабурии Раҳмонзода ҳангоми ба истифодадиҳии иншоотҳои маишӣ дар Суғд ба ҳисоб меравад. Ӯ дар доираи сафари кории раисиҷумҳур ба вилояти Суғд омада дар расми ба истифодадиҳии чанде аз иншоот дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Деваштич ширкат намудааст.

Раҳмонзода, аснои баистифодадиҳии гузаргоҳи зеризаминӣ воқеъ дар канори бозори “Панҷшанбе”и Хуҷанд аз ташаббуси соҳибкор тавсиф намуда, дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкорӣ баҳои баланд додааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала