Суғд беш аз нисфи маҳсулоти саноатии Тоҷикистонро тавлид мекунад: Раҳмон гуфт, нокофист

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонВвод в эксплуатацию швейного предприятия ООО "Согдийон" в г. Худжанде
Ввод в эксплуатацию швейного предприятия ООО Согдийон в г. Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар панҷ моҳи соли 2020 ҳиссаи вилояти Суғд дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон 51 фоиз ва суръати рушди он 18 фоизро ташкил кардааст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони Суғд хабар дода, афзуд, ки дар ин давра дар ҳудуди вилоят 29 корхона бо 370 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Насби тоблуҳои қоидаҳои беҳдошт алайҳи коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
COVID – 19 дар Хуҷанд ҷои таблиғи ширкатҳоро мегирад-аксҳо

"Аз ҷумла 10 корхона доир ба истеҳсоли хӯрокворӣ, 5 корхонаи дӯзандагӣ, 10 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон таъсис дода шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба имконияту захираҳои вилоят тамоман паст мебошанд", - таъкид кард раисиҷумҳур.

Эмомаллӣ Раҳмон афзуд, ки бо чунин нишондиҳандаҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда расидан ба ҳадафи стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бисёр мушкил мегардад.

"Таҷриба нишон медиҳад, ки дар шароити паҳншавии бемориҳои сироятӣ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ яке аз тадбирҳои асосӣ ва муҳимми пешгирӣ кардани пайомадҳои манфии он ба иқтисодиёт мебошад. Дар ин росто, зарур аст, ки доир ба таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои истеҳсолӣ ва пешгирии аз кор мондани корхонаҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд", - илова намуд раисиҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0