Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

© PixabayСамолет на закате, архивное фото
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон санаи парвозҳои чартерӣ барои баргардондани шаҳрвандон аз шаҳрҳои гуногуни Русияро эълон кард

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. ВУХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо дарназардошти теъдоди ниҳоят зиёди муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-2019, 13 парвози чартерии изофӣ дар моҳи июли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон, ки ҳоло бо ҷониби Русия ҳамоҳанг шуда истодааст, ба нақша гирифта шудаанд.

Бано ба маълумоти Вазорат, дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа аз 19 июни соли 2020 комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, баруйхатгирии шаҳрвандон барои бозгашт ба Тоҷикистон сурат мегирад.

Манбаъ қайд карда, ки дар раванди танзими парвозҳои мазкур авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Россия рафта буданд, дода мешавад.

Бо дарназардошти он ки теъдоди муроҷиатҳои бақайдгирифташуда дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Екатеринбург аз зарфияти 21 парвози банақшагирифташуда дар моҳи июл чанд маротиба бештар аст, муваққатан баруйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар биноҳои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия қатъ шуда, қабули аризаҳо тариқи почтаи электронии charter-russia@mfa.tj идома дорад.

Парвозҳои чартерии изофии зерин баъди дастрас намудани ризояти мақомоти марбутаи Русия анҷом дода хоҳанд шуд:

  • 3 июли 2020 (баргашт субҳи 4 июл) бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 4 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Хуҷанд, ширкати «Сомон Эйр»;
  • 7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе,  ширкати «Сомон Эйр»;
  • 9 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 11 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
  • 16 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 18 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
  • 20 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 22 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;  
  • 24 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;
  • 26 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Краснодар – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 28 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;
  • 30 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр».
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала