Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Аз тирандоз то халабон: саҳми бонувони тоҷик дар Ҷанг муқобили фашизм

© Sputnik / Boris YaroslavtsevЖенщины выкапывают противотанковые рвы в районе Донбасса. 1941 год
Женщины выкапывают противотанковые рвы в районе Донбасса. 1941 год - Sputnik Тоҷикистон
Олимони Суғд китоберо ба нашр расонидаанд, ки он дар бораи саҳми тоҷикистониён дар Ҷанги бузурги Ватанӣ (1941-1945) маълумот медиҳад

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. "Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ" китоби тозанашри олимон Ваҳҳоб Набиев, Аюбҷон Усмонов ва Зафарҷон Қобилов аст, ки дар бораи далерию ғайрат ва корномаҳои халқи тоҷик дар Ҷанг бар зидди фашизм таъкид мекунад.

Другая сторона фронта - Sputnik Тоҷикистон
Тарафи дигари фронт

Дар Тоҷикистон чанд куҳансарбоз Рӯзи Ғалабаро таҷлил мекунанд

Муаллифон ин китоби ҷадид, бо факту арқоми мувассақ навиштаанд, ки дар арафаи ҷанг дар Тоҷикистон 1 миллиону 300 ҳазор аҳолӣ истиқомат мекард ва аз ин шумор беш аз 300 ҳазор ба ҷанг фиристода шуда, ҳудуди 100 ҳазор дар миёни дуду ошташи ҷанг ҳалок шудаанд.

Зери борон: гузашти низомӣ дар майдони Сурхи Маскав - 24 июни соли 1945

© SputnikКитоби "Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ"
Аз тирандоз то халабон: саҳми бонувони тоҷик дар Ҷанг муқобили фашизм - Sputnik Тоҷикистон
Китоби "Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ"
"Дар ин ҷанг зиёда аз 32 ҳазор бонувони тоҷикистонӣ ҳамчун снайперчӣ, разведкачӣ, тирандоз, ҳамшираи шафқат ва лётчик ҷангида, аз худ шуҷоату қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Аз миёни онҳо 54 нафар ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва 15 ҷанговар ба гирифтани се дараҷаи ордени Шараф сазовор гардиданд. Дар маҷмӯъ аз фиристодагони халқи тоҷик дар набардҳои солҳои 1941 -1945 зиёда аз 56 ҳазор ҷанговар бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд”, нигоштаанд муаллифон.

Китоби “Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ”, аз 244 саҳифа иборат буда, бо теъдоди 200 нусха дар нашриёти “Меъроҷ” и шаҳри Хуҷанд ба нашр расидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала