Доктори илмҳои иқтисод ва хатмкунандаи Испания: муовини нави раиси Бонки миллӣ кист?

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон
Санаи 20 июни соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури ду фармон муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистонро таъйин кард

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар Накҳатзода Моҳбону Киромиддин муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ду фармони Раҳмон: масъулини нави Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуданд

Тибқи сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон хонум Накҳатзода Моҳбону  4 июли соли 1984 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст.  

Пас аз хатми Донишгоҳи  давлатии  тиҷорати  Тоҷикистон  дар соли 2005 таҳсилоташро дар Донишгоҳи Сантяго де Компостелаи Испания идома додааст.

Накҳатзода Моҳбону  дорои унвони Доктори илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Ӯ дар соли  2013 - Магистратура дар самти "Савдои байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ" (Шоҳигарии Испания) ва дар 2016 Донишгоҳи Сантяго де Компостела (Шоҳигарии Испания), факултаи “Иқтисодиёт ва илмҳои тиҷоратӣ”, кафедраи “Асосҳои таҳлили иқтисодӣ”, бо ихтисоси “Рушди минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” хатм кардааст.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки  Накҳатзода Моҳбону фаъолияти меҳнатиашро дар соли 2005 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедраи “Иқтисодиёти ҷаҳон”-и оғоз кардааст.

Пас аз хатми Донишгоҳи Испания номбурда дар соли 2016 ба ҳайси муаллими калони  кафедраи  “Иқтисодиёти ҷаҳон”-и  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор карда, баъд аз ду моҳи фаъолият ба вазифаи нав дар Бонки миллии Тоҷикистон таъйин мешавад.

Первый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Президент Ҷамолиддин Нуралиевро барканор ва таъин кард

Дар соли 2016 Накҳатзода Моҳбону дар вазифаи Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллӣ кор кард, аммо пас аз бозсозии сохтор дар Бонки миллӣ, аз соли 2016 то соли 2020 ба ҳайси Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ӯ аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва донандаи чаҳор забон - тоҷикӣ-форсии дарӣ, русӣ, англисӣ, испанӣ будааст.

Бояд қайд кард, ки қаблан дар вазифаи муовини раиси Бонки миллӣ Салимова Лола фаъолият мекард. Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон Нуралиев Ҷамолиддин аз вазифаи муовини якум ва Салимова Лола аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон озод кард.

Бо фармони дигар раисиҷумҳур Нуралиев Ҷамолиддинро ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон дубора таъин кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала