Эрон: пас аз баргузории тӯй 50 кас ба коронавирус гирифтор шуданд

CC BY 2.0 / Azlan DuPree / WeddingМусульманская свадьба, фото из архива
Мусульманская свадьба, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мақомоти кишвар хонаводаеро, ки тӯй баргузор кардааст, муҷозот мекунанд. Феълан, онҳо ба додгоҳ даъват шудаанд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik.  Алайҳи чанд хонавода ба далели баргузории маросими тӯй ва азо ҷурм эълон мешавад, гузориш медиҳад "Парс тудэй". Бино бар иттилои манбаъ, дар яке аз хонаводаҳо пас аз баргузории маросими тӯй 50 нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд.

Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.  - Sputnik Тоҷикистон
Омори охири гирифторӣ ва фавту шифо аз COVID-19 дар Эрон

Тавре манбаъ менависад, ба далели нодида гирифтани протоколҳои беҳдоштӣ дар даврони корона, се хонавода дар шаҳристони Занҷон дар ғарби Эрон ба ниҳодҳои қазоӣ муаррифӣ шуданд.

"Алайҳи хонаводае, ки дар яке аз рустоҳои Занҷон бидуни таваҷҷуҳ ба тазаккурҳо ва ҳушдорҳои мақомоти маҳаллӣ маросими тӯй баргузор карданд эъломи ҷурм шуда ва онон бояд дар додгоҳ ҳозир шаванд", - тавзеҳ медиҳад "Парс тудэй".

Мақомоти кишвар гуфтаанд, пас аз маросими тӯй озмоиши коронаии 50 нафар аз ширкаткунандагон мусбат эълом шуд.

Ду маҷлиси фотиҳа низ бо вуҷуди эъломи мамнуъияти баргузорӣ чунин барномаҳое дар Занҷон баргузор шуд, ки алайҳи хонаводаҳои баргузоркунандаи ин ду маросим низ эъломи ҷурм шуд, гуфтаанд мақомоти Эрон.

Лентаи хабарҳо
0