Омодагии ВМКБ барои қабули сайёҳон дар замони ҳамагирии COVID - 19

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкТуристы идут в поход
Туристы идут в поход - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва масъулини ВМКБ аз шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Хоруғ ва Мурғоб дидан намуданд

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Бо мақсади баррасии пешгирии бемории COVID-19 ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт, омода намудани меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ барои қабули сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва масъулини ВМКБ аз шаҳру навоҳии ВМКБ дидан намудааст.

Иностранные туристы в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сармоягузорони чинӣ соҳаи сайёҳӣ ва кӯҳкориро дар ВМКБ рушд медиҳанд

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" дар рафти сафар гурӯҳи корӣ ва масъулини мақомоти ВМКБ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, ҳомстейҳо, гестҳаусҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, норасоии мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ дар ин соҳа, ба талабот ҷавобгўй намудани ҳолати санитарию гигиении марказҳои хизматрасонӣ, мабразу дастшӯйгоҳҳо ва ҷойҳои тамошои сайёҳӣ бо мақсади пешгирӣ аз вируси COVID-19 - ро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз пиряхи Федченко, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Биби Фотимаи Заҳро, қаторкўҳои сайёҳгузар, Булун-кӯл диданд намудаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя аз Бонки Ҷаҳонӣ Қалъаи «Ямчун» дар ВМКБ бозсозӣ шуда, ба сатҳи байналмилалӣ расонида мешавад. Гурӯҳи корӣ аз мавзеи мазкур дидан карда, бо масъулин дар самти рушди инфрасохтор ва ҷалби мутахассисону роҳбаладони таҷрибадор барои аз нигоҳи илмӣ асоснок муаррифӣ намудани мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ суҳбат кардааст.

Бо дастгирии Кумита дар вилоят Ассотсиатсияи экологӣ-фарҳангии сайёҳии Помир (PECTA) таъсис дода шудааст, ки зиёда аз 10 субъекти хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродии соҳаи сайёҳиро муттаҳид месозад. Инчунин, бо мақсади мусоидат дар пешбурди фаъолияти сайёҳӣ таъмини рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии вилоят, бо тартиби муқарраргардида то имрӯз ба 44 субъекти хоҷагидори вилоят иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шудааст.

Айни замон дар шаҳри Хоруғ 17 ширкат, ноҳияҳои Шуғнон — 3, Рӯшон — 5, Мурғоб — 14, Дарвоз — 2, Ишкошим — 2 ва дар Ванҷ — 1 ширкати сайёҳӣ ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.

Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят зиёда аз 50 меҳмонхона ва ҳомстею гестҳаусҳо, 6 осоишгоҳ амал менамоянд ва гурӯҳи корӣ аз имкониятҳои хизматрасонӣ ҳолати санитарию гигиении онҳо дидан карданд. Бо ба эътидол омадани вазъи паҳншавии пандемия иншооти мазкур омодаи қабули сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон в Дарвазе - Sputnik Тоҷикистон
Даъвати Раҳмон аз соҳибкорони ВМКБ: барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ кӯшиш кунед

Аз рўи таҳлилҳо дар соҳа ва мушкилиҳои ҷойдошта гурӯҳи корӣ ба сохторҳои марбута ҷиҳати таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятнок, ҳавасмандӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории зичи сохторҳои марбутаи сайёҳии вилоят бо мақоми ваколатдор, вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи сиёсати босамари давлатии соҳаи сайёҳӣ, ташкили омўзишҳо бо ҷалби соҳибкорон дар самти ташаккули бизнеси сайёҳӣ, ташкили иқлими мусоиди сармоягузорӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ пешнищодщо кардааст.

Ҳамчунин ба инфрасохтори сайёҳӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои минтақаҳои бартариятдошта, беҳтар намудани сифати алоқаи мобилӣ ва таъмини интернет дар мавзеъҳои сайёҳгузар, таҳия ва чопи маводҳои таблиғотии соҳа барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии мавзеъҳои тамошобоби вилоят, таъмини мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ, инъикоси ҳамаҷониба имкониятҳои сайёҳии ноҳияҳои вилоят тариқи ВАО, ташкили гушаҳои сайёҳӣ бо забонҳои давлатию хориҷӣ аз тавсияҳои дигар будаанд.

Иностранные туристы в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳои бимагарони фаронсавӣ ба амнияти сайёҳон дар Тоҷикистон

Дар баробари ин, барои таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ бо истифода аз имтиёзҳои андозӣ дар шаҳру ноҳияҳо, насби лавҳаҳои ишоратии сарироҳӣ бо се забон дар даромадгоҳҳо ва ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, таъсиси гушаҳои фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори муосир дар атрофи пиряхи Федченко аз ҳисоби шарикони рушд, маблағгузории “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар маҳал, бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии пешбинишуда сохтмони иншооти хизматрасонии дорои ташноб, ҷойи дастшуӣ, ҳаммоми хурд, хуроки тезтайёр бо ҷалби соҳибкорон пешниҳод шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки ВМКБ яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рўдҳо ва дарёчаҳои шўх, кўлҳо, кўҳҳо ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шўҳрати калон пайдо кардааст.

Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кўли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Биби Фотимаи Заҳро, қаторкўҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир мусоидат менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0