Бе коррупсия ва ситондани бизнес бо зӯрӣ: Файзов 6 шарти рушди соҳибкориро гуфт

© котиботи ҳукумати ВМКБЁдгор Файзов, раиси ВМКБ
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар машварати васеъ бо ҳузури мақомдорони давлатию созмонҳои ҷамъиятӣ масъалаи рушди соҳибкорию дастгирии давлатиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Ёдгор Файзов зимни машварати васеъ изҳор дошт, ки  дар тамоми дунё барои рушди соҳибкорӣ шаш омили асосӣ вуҷуд дорад.

Председатель ГБАО Ёдгор Файзов - Sputnik Тоҷикистон
Файзов дар бораи норозигияш аз раисӣ, бузургии мардум, бемории худ ва роҳ ба ҷавонон-видео

"Якум барои рушди соҳибкорӣ, аз нуқтаи назари андоз, коррупсия, бақайдгирӣ ва ғайра дар доираи талаботи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити мусоид бояд фароҳам оварда шавад. Дуюм ба роҳ мондани дастрасӣ ба захираҳои маблағӣ аз тариқи грант, кредитҳои фоиздор ва бефоиз, лизинг, дастрасӣ ба технологияи муосир ва дониш мебошад", - изҳор дошт раиси ВМКБ.

Ӯ тавзеҳ дод, касоне, ки ба тиҷорат сарукор мегиранд, бояд дониши муайян дошта бошанд. Масъалаи сеюм ташкил намудани бозори дохилӣ, донорҳои сабз ва дастрасӣ ба бозори хориҷӣ арзёбӣ шуд.

Ёдгор Файзов таъкид намуд, ки таъмини ҳуқуқи молу мулкӣ аз омилҳои дигари рушд мебошад, чун соҳибкор бояд мутмаин бошад, ки бизнеси ӯро касе зӯран гирифта наметавонад.

“Масъалаи охирин ин дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ оиди тавлид намудани молҳои воридотивазкунанда ва содиротӣ мебошад”, - гуфт раис.

Тавсиф аз Суғду дастур ба мақомдорони ВМКБ

Раиси ВМКБ аз дастовардҳои бахши хусусии вилояти Суғд тавсиф кардааст, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин вилоят мушоҳида кардаст. Дидем, ки чӣ тавр дар доираи ин меъёрҳо ва талабот соҳибкорӣ рушд кардааст, изҳор дошт ӯ.

Файзов барои сардорони Раёсати сармоягузорӣ, андоз, бонкҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор лозим донистааст, ки таклифу пешниҳодҳои худро барои беҳтар амалӣ гардидани Барнома ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, такмили асосҳои институтсионалӣ, диверсификатсияи содирот, содагардонии расмиёти савдо ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш пешниҳод намоянд.

Лентаи хабарҳо
0