Жан-Клод Ван Дамм дар бораи Абдулманап ва ҳамдардӣ ба Ҳабиб: ҳамеша эҳтиром мекардам

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкЗаслуженный тренер России, старший тренер сборной команды республики Дагестан по боевому самбо, чемпион Украины по дзюдо и самбо Абдулманап Нурмагомедов
Заслуженный тренер России, старший тренер сборной команды республики Дагестан по боевому самбо, чемпион Украины по дзюдо и самбо Абдулманап Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди шинохта ва устоди санъати размӣ Жан-Клод Ван Дамм  ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов нисбат ба даргузашти падараш ҳамдардӣ изҳор кардааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik.  Ин ҳунарманди шинохта дар саҳфаи Инстаграмаш навиштааст, ки бо Абдулманап Нурмуҳаммадом аз наздик шиносоӣ надошт, аммо ҳамеша эҳтиромаш мекард.

"Бародар, ман дар ҳаёти худ ҳеҷ гоҳ бо ту вонахӯрдам, аммо ҳамеша ба зиндагии барҷастаат эҳтиром мегузоштам! Ман барои сафари охирати ту дуо мекунам. Бигзор Худованд руҳи туро шод кунад. Омин”.

Ӯ ҳамчунин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадову оилааш ва ҷаҳони UFC ҳамдардии амиқ изҳор кардааст.

​Ёдовар мешавем, мураббии шинохтаи рус Абдулманап Нурмуҳаммадов дар синни 58-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар беморхона даргузашт.

Рақибе, ки рафтори инсонӣ кард: Конор ба Ҳабиб ҳамдардӣ баён кард

Падари размикори доғистонӣ тӯли чанд моҳ бо коронавирус мубориза мебурд.

Рамазон Рабаданов яке аз дӯстони хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо пас аз фавти мураббии шинохта гуфт, ки "табибон сактаи қалбашро беҳбуд бахшиданд, аммо сактаи мағзи сарро шифо бахшидан натавонистанд. Абдулманап ба ҳуш наомада санаи 3 июл ҷон бохт".

Президент РФ В. Путин выступил с обращением в связи с коронавирусом  - Sputnik Тоҷикистон
Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард

Абдулманап Нурмуҳаммадов 10 декабри соли 1962 дар Ҷумҳурии автономии Советии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо гӯштини тарзи озод машғул буд ва дар артиш ба тамрини ҷуо ва самбо сар кардааст.

Марҳум дорандаи унвони Устоди варзиш аз намуди  гӯштини озод мебошад.

Сахт пазмонат мешавам": таассуфи роҳбари UFC аз марги Абдулманап ва нашр намудани навор

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммадов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволаш ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.

Марҳум ҳам сактаи қалб ва ҳам мағзи сар шуд.

Лентаи хабарҳо
0