Бо дастури Президент: Камолов бо фарзандонаш дар Деваштич таваллудхона месозанд

Бинои таваллудхона аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 кат мебошад ва бо ифтитоҳи он сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ҷамоат беҳтар хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Бунёди бинои таваллудхона дар ноҳияи Деваштич идома дорад, хабар медиҳад агентии Ховар.

Строительство нового дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Суръати сохтмон дар Тоҷикистон 24 дар сад афзоиш ёфтааст

Ба иттилои манбаъ, таваллудхонаи мазкур барои сокинони ин ноҳияро Мирзоҳаким Камолов сокини деҳаи Росровут бо фарзандони худ бино намуда истодааанд.

Гуфта мешавад, дар ин кори хайр оилаи Камоловҳоро ҳамдиёрон дастгирӣ намуда, тасмим гирифтаанд, ки таваллудхонаро соли равон мавриди истифода қарор диҳанд.

Суръати сохтмон дар Тоҷикистон 15 дар сад коҳиш ёфтааст

Бинои таваллудхона аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 кат мебошад ва бо ифтитоҳи он сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ҷамоат беҳтар хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, сохтмону навсозии 309 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 200 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала