Бо кумаки интернет марде, ки фарзанди маъюбашро барои талбандагӣ истифода мебурд, ҷазо ёфт

© МВД по городу Душанбе Мужчина использует инвалидность своего сына, чтобы собрать деньги
 Мужчина использует инвалидность своего сына, чтобы собрать деньги - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошт ва ҷазои марди 49 сола хабар дод, ки барои ҷамъоварии маблағ дар бозорчаи маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе аз маъюбии фарзандаш истифода мекардааст

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон муайян карданд, ки ин марди 49-сола Ҳабибуллоев Хуршед Асрорович, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Арбобхотун буда, ҷавони дар аробачаи маъюбӣ нишаста фарзандаш мебошад.

Талбандагӣ мояи даромад нест: ошкорсозии як ҳолати нангин бо истифода аз мӯсафеди солхӯрда  - Sputnik Тоҷикистон
Бизнеси нангини се ҷавон дар Душанбе: талбандагӣ ба воситаи марди солхӯрдаву ночор

Манбаъ иттилоъ додааст, ки санаи 7 июли соли равон дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернет наворе пайдо гардид, ки тибқи иттилои муаллиф ҳар саҳар марде як ҷавони маъюбро дар аробачаи махус шинонида, дар назди бозорчаи маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе мегузорад ва ин навраси маъюб то бегоҳ ба талбандагӣ машғул мешавад. Сипас бо фаро расидани шом мард боз ба ҳамин мавзеъ омада, маблағҳои дар давоми рӯз ҷамъгардидаро ба ҷайби худ андохта, сипас боз навраси маъюбро бо худ мебарад.

“Баъди ба Интернет роҳ ёфтани навори мазкур кирдорҳои ғайриқонунии марди аз ҳисоби писарбачаи маъюб маблағ ҷамъкунанда мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон, махсусан истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, аз як ҷониб корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе талаб намуданд, ки нисбати кирдорҳои авомфиребонаи марди дар навор инъикосгардида, ки аз ҳисоби писарбачаи маъюб зиндагиашро пеш мебарад, чораҳои қонунӣ андешида шавад”,- таъкид доштааст ВУД Тоҷикистон.

Манбаъ қайд кардааст, ки барои муайян намудани шахсияти марди дар навор тасвирёфта, кормандони мақомоти милитсия пойтахт чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намуданд вад дар натиҷа ӯро муайян ва ӯро боздошт намуданд.

Школа  - Sputnik Тоҷикистон
Чаро талбандагӣ кардӣ?: директори интернат дар Хатлон хонандаро бо чӯб латту кӯб кард

“Ӯ шаҳрванд Ҳабибуллоев Хуршед Асрорович соли таваллудаш 22.01.1971, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Арбобхотун буда, ҷавони дар аробачаи маъюбӣ нишаста фарзандаш мебошад. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҷавони дар навор инъикосёфта фарзандаш, писарбачаи 17-сола буда, дар ҳолати маъюбӣ қарор дорад”, - зикр намудааст ВУД Тоҷикистон.

Гуфта шудааст, ки нисбати шаҳрванд Ҳабибуллоев Хуршед, ки бо истифода аз муҳтоҷиву дардмандии фарзанди худ ба ҷамъоварии маблағ машғул будааст, парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

Ҳамчунин, вай барои дар оянда такроран содир накардани кирдори мазкур огоҳ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала