Ифтитоҳи 21 иншооти варзишӣ дар Суғд

CC0 / Pixabay / Ребенок на тренировке, архивное фото
Ребенок на тренировке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи вилояти Суғд гузориш дод, ки расман дар қаламрави вилоят то ҳол 2 ҳазору 655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ба иттилои ҳукумати вилояти Суғд, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас давоми нимсолаи якуми соли 2020 дар вилоят 21 иншооти нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Пассажиры в здании Казанского вокзала во время дезинфекционной обработки вокзала - Sputnik Тоҷикистон
Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия бозшавии сарҳадҳоро пешгӯӣ кард

“Аз ин шумора 5 адад толори варзишӣ буда, 16 адади дигар майдончаҳои варзишӣ мебошад. Иншооти зикршуда бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорон бунёд гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ зикр намудааст, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд.

“Аз ин 45 варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзишӣ, 563 толори варзишӣ, 33 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ аст”, - тавзеҳ дод ҳукумати Суғд.

Таъкид гардид, ки дар вилоят ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити муосид барои тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала