Оғози ҷамъоварии картошка дар Тоҷикобод: 1 кило 2,8 сомонӣ дар сари замин

CC0 / pxhere / Картофель
Картофель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Тоҷикобод, яке аз минтақаҳои картошкапарвари Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили барвақтии картошка оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар Тоҷикобод майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 2005 гектар расонида шуд, ки нисбат ба  соли гузашта 84,5 фоиз зиёдтар аст.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Имзои қарори Ҳукумат: нархи доруҳо назорат мешавад

"Аз 2005 гектар кишти картошка 937,7 гектараш ба сохтори кишоварзӣ рост меояд. Дар хоҷагиҳои коллективӣ ва инфиродии деҳқонӣ нисбат ба соли гузашта 272,7 гектар майдони кишти картошка васеъ гардонида шудааст", - хабар дод "Ховар".

Манбаъ афзуд, имрӯзҳо дар хоҷагии деҳқонии "Нӯшор"-и ноҳия ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ оғоз гардида, натиҷаи ғундоштани  ҳосили имсола нишон медиҳад, ки заҳмати  кишоварзон  натиҷаи дилхоҳ ба бор овардааст.

Юсуфҷон Худойдодов аз деҳаи Шарқиён анъанаи дерини деҳқонони ноҳияро, ки маъмулан даҳаи дуюми моҳи август ба ҷамъоварии картошка оғоз менамоянд, шикаст.

"Номбурда 7 июл  қитъаи картошкаи хоҷагии деҳқониашро, ки майдони  0,40 гектарро ташкил медод, ҷамъоварӣ намуд. Дар ин рӯз раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ Олимҷон Муҳаммадҷонзода  иштирок намуда, ба Юсуфҷон барори кор хостанд, навиштааст "Ховар".

Юсуфҷон Худойдодов изҳор доштааст, ки 15 март картошка кишт намуда будам.

"Тухмии маҳаллии навъи "сафедак"-ро аз деҳаи Ширинчашма харидорӣ карда, 4 моҳ пеш шинонда будам. Имрӯз хурсанд ҳастам, ки ҳосил пухта расид ва  харидор аз шаҳри Душанбе пайдо шуд, ки ба ҷамъоварӣ шурӯъ намудам. Чуноне ки  мебинед зарар надидам,  12 тонна картошка бо нархи ҳар килояш 2 сомониву 85 дирамӣ аз сари замин ба фурўхтам", - таъкид кардааст кишоварз.

Қаблан дар пайи болоравии нархи картошка дар Тоҷикистон, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки майдони кишти картошка зиёд карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0