Худкушии мудири кӯдакистон дар Ӯзбекистон - сабабҳо маълум шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешЗапись на листе бумаге, архивное фото
Запись на листе бумаге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз ин ҳодиса барои муайян кардани сабабҳои худкушӣ комиссияи вижа ташкил шуд. Бино ба хулосаи прокуратураи ноҳияи Баликчӣ марҳум ба сабаби мушкилот дар кор ва вазъи саломатияш даст ба худкушӣ задааст

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Хабарҳои нохуш аз вилояти Андиҷони Ӯзбекистон. Мудири боғчаи баччагонаи рақами 11 - и ноҳияи Баликчӣ худкушӣ кард. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати маорифи муассисаҳои томактабӣ хабар медиҳад.

Дар хулосаи судӣ ва санҷиши равонӣ омадааст, ки "вазъи номусоиди марҳум дар паи низоъҳои эҳсосотии ботинӣ бархоста, ӯро ба чунин кор овардааст".

Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Духтари 19-сола аз марг наҷот ёфт: ӯ гуфт ба сабаби муноқишаи оилавӣ мехост худкушӣ кунад

Ин ниҳод қайд карда, ки вақтҳои охир дар шӯъбаи маорифи ноҳия, ки кӯдакистони рақами 11 ба он мутааллиқ будааст, мушкилоти зиёд сар задааст. Аз ҷумла нақзи қавонини ҷиддӣ дар бахши хоҷагидорӣ ва молиявии кӯдакистон ошкор шудаанд.

Натиҷаҳои санҷиш дар моҳи майи соли равон муайян кардааст, ки роҳбари шӯъбаи таҳсилоти томактабии ноҳияи Баликчӣ нисбати ӯҳдадорҳои худ бемасъулиятӣ зоҳир кардааст. Маълум шуда, ки директори сохтмонии ширкати "Милано курилиш", ки таъмири кӯдакистонеро, ки Ш. Худжакулова, роҳбарӣ мекард, бар ӯҳда доштааст, тавассути ҳуҷҷатгузории қалбакӣ маблағро аз худ кардааст. Корҳои таъмирӣ бесифат анҷом дода шуда буданду додгоҳи ноҳиявӣ нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ҳамчунин дар фаъолияти раҳбарӣ ва интизомӣ низ дар ин муассисаи томактабӣ нуқсонҳои зиёд дида шуда, ба вокуниши нохубе аз ҷониби аҳолӣ дучор шудааст. Ҳамин тавр, моҳи июни соли равон мудири кӯдакистон аз вазифа сабукдӯш карда шуд.

Тибқи таҳлилҳои комиссия ҳамаи ин омилҳо ба саломатии рӯҳию равонии мудири муассиса таъсир карданд ва ӯ ба хушкушӣ даст зад. Пизишкон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд.

Вазорати маорифи муассисаҳои томактабӣ нисбати даргузашти мудир ба аҳли хонаводаи ӯ изҳори ҳамдардӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала