Додситонии кул ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳад

Обуна шудан
Рӯзи 14 июл чор ниҳоди давлатӣ дар доираи иҷрои амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хабарнигорон дар бораи фаъолияташон дар 6 моҳи гузашта иҷозат медиҳанд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Додситонии кул, Кумитаи рушди маҳали назди Президент, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон аз ҷамъбасти фаъолияташон дар нимсолаи аввали соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.

Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: кишвардорҳои Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд?

"Роҳбарияти Прокуратураи генералӣ соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист соати 11:00 дар Кумитаи мазкур ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух медиҳанд", - хабар дод Ховар.

Манбаъ афзуд, нишастҳои матбуотии Кумитаи рушди маҳал соати 09:00 ва  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуривии "Ховар" баргузор мешаванд.

Таъкид шудааст, ки бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус, ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

Нишастҳои матбуотии роҳбарони идораҳои давлатӣ соле ду бор дар доираи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0