Хадамоти алоқа гуфт, чаро нархи интернет гарону суръаташ суст аст

CC0 / Pixabay / Человек держит мобильный телефон в руках, архивное фото
Человек держит мобильный телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон шикояти шаҳрвандон дар мавриди гарониву сустии суръати интернети мобилиро дар кишвар шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хададамоти алоқа имрӯз зимни як нишасти хабарӣ гуфт,  сабаби гарон будани қиммати интернет ба мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавии Тоҷикистон вобаста аст.

Вход в интернет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оё вируси корона ба суръати интернет таъсир гузошт?

Ӯ гуфт, ҳатто дар замони Шӯравӣ аз сабаби мавқеи ҷуғрофӣ нарху наво дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо фарқ мекард.

Номбурда гуфт, дар соли ҷорӣ суръати интернетро дар кишвар ба сатҳи 2,8 гигабит/сония баланд кардаанд.

Илҳомҷон Атоев гуфт, нисбат ба интернети мобилӣ шабу рӯз шикоятҳо зиёд аст ва ин низ як чанд омил дорад.

Барои он ки интернет суръаташ баланд бошад тамоми реҷаи кории ширкатҳои мобилӣ истгоҳҳои базавӣ аз 3G ба 4G мубаддал бояд гарданд, гуфт, муовини раиси Хадамоти алоқа.

Манбаъ гуфт, ин кор на танҳо дар марказҳо,  бояд дар минтақаҳои дурдаст ва навоҳии наздимарзӣ низ бояд шавад.

“Ин кор рафтаистодааст ширкатҳо бо тавоноии хеш пойгоҳҳояшонро ба 4G гузаронидаистодаанд ва ҳамин реҷа агар дар сатҳи дахлдор ба 4G гузарад суръату сифати интернети мобилӣ хубтар мешавад”,-гуфт Илҳомҷон Атоев

Дар мавриди интернети ноқилӣ Атоев гуфт, тариқи шартномавӣ пулашро пардот кардаву суръатро вобаста ба он мегиред.

Қаблан ширкати  “Speedtest Global Index”, дар раддабандии ҷадидаш, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон пасттарин унвон карда, миёни 141 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 127 қарор дод.

Дар гузориши “Speedtest Global Index”, суръати интернети мобилии Тоҷикистон, барои боргирӣ 10,77 Мбит дар сония  ва барои воридсозӣ 5,06 Мбит дар сония  арзёбӣ шудааст. Дар ҳоле ки суръати миёнаи интернети мобилӣ дар ҷаҳон 23,8 Мбит ва баландтарин 83,52 Мбит/сония баҳогузорӣ шудааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала