Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Мусибат дар хонаводаи раиси вилояти Хатлон: модарашро аз даст дод

Дар хонаводаи раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, мусибат ба вуқӯъ омад. Ҳайдарова Бисаломат модари 81 солаи Қурбон Ҳакимзода аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Хабари даргузашти Ҳайдарова Бисаломат – модари Қурбон Ҳакимзодаро, Салимбой Ҳакимов яке аз пайвандони хонавода ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.

"Имрӯз дар синни 81 солагӣ очаамон Бисаломат Ҳайдарова бо амри тақдир ҷон ба Ҳақ супурданд", - гуфт Салимбой Ҳакимов

Дар бораи даргузашти модари Қурбон Ҳакимзода, Носирҷон Маъмурзода сухангӯи раиси вилояти Хатлон низ хабар дода, бо аҳли аз хонавода ва ёру пайвандонаш аз номи кулли кормандони ҳукумати Хатлон изҳори тасаллият баён намудааст.

Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода бинобар даргузашти модарашон изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба пайвандони марҳум сабр орзу кардаанд.

"Бо арҷгузорӣ ва ситоиш аз хираду наҷобат ва бузургии модари марҳума, ки олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ буданд ва бо иффат, ақлу фаросат, бо хулқи ҳамида, меҳру шафқат рӯзгори фарзандонро зеб медоданд, мо – кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бори дигар ба Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бинобар реҳлати бемаҳали модарашон таслият арз менамоем", - омадааст дар таъзиянома.

 Сабаби даргузашти модари Ҳакимзодаро, мақомот шарҳ надодаанд. Вале ба гуфтаи манобеъ Ҳайдарова аз ҳеҷ беморие ранҷ намекашид ва бо амри тақдир дар синни 81 солагӣ аз дунё реҳлат кардааст.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз, 12 июл Назарбегим Муборакшоева, ходими сиёсӣ ва чамъиятӣ, собиқ муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғи  ВМКБ аз олам чашм пӯшид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала