Бо хишту чӯбдастҳо: занозании муҳоҷирон дар майдони сохтмонӣ ба навор афтод - видео

Дар яке аз майдонҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Чертановаи Шимолӣ муҳоҷирон хишт дар даст оммавӣ ҷанҷол карданд

Қазия рӯзи 14 июл дар шаҳри Масккав рух дод.

Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Навори занозании оммавии муҳоҷирон бо доғистониҳо дар Санкт-Петербург: 11 кас боздошт шуд

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, дида мешавад, чӣ гуна даҳҳо нафар дар як ҷо ҷамъ шуда ва хархаша мекунанд.

Аз навор дида мешавад, ки бархе аз муҳоҷирон дар даст чӯб, бел ва ҳатто хишт ба ҷанг бархостанд.

Сабаби сар задани муноқиша, ки ба ҷанҷолу занозанӣ оварда расонидааст, номаълум аст.

Корд дар даст: занозании ду ҷавон дар рафти мусобиқаи ММА дар Нур-Султон - Навор

Бино ба гуфти шоҳидони ҳол ба ҷои ҳодиса кормандони мақомоти қудратӣ ва гурӯҳе аз низомиёни ОМОН ҳозир шудаанд.

Расман дар бораи захмӣ шудани муҳоҷирон хабар дода нушдааст, вале шоҳидони ҳол мегӯянд, чанд нафар дар паи ин занозанӣ ҷароҳатдор шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала