“Истиқлолияти ангиштӣ”: ангишти Тоҷикистонро кӣ истеҳсол мекунад?

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкИстихроҷи ангишт. Акс аз бойгонӣ
Истихроҷи ангишт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи ним соли равон Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Покистон ҳудуди якуним ҳазор тон ангишт содир намудааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Санъат Раҳим, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, истихроҷи ангишт дар қиёс бо дигар соҳот рушдкардатарин соҳаи саноати кишвар шудааст.

 “Мо дар замони истиқлолият комилан аз воридоти ангишт даст кашидем. Истиқлолияти Тоҷикистон аз ин лиҳоз комилан таъмин аст ва мо ҳоло имконияти содир кардани ангиштро ба даст овардаем. Аз рӯи иттилое, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Ангишт” дар ихтиёри мо гузошт, дар нимсолаи аввал якним ҳазор тон ангишт ба Покистону Ӯзбекистон содир шудааст”, - гуфт Санъат Раҳим.

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон соли гузашта беш аз 2 миллион тон ангишт истеҳсол кардааст, ки беш аз 99 дарсади ангишт дар дохили кишвар истифода шуда, ҳудуди 18 ҳазор тон (0,95%) – и он ба Ӯзбекистону Покистону содир шудааст.

Добыча угля. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон

97 дарсади ангишти Тоҷикистонро ширкатҳои “Шахтаи Фон Яғноб” (ноҳияи Айнӣ, кони Фон Яғноб), “Зиддӣ” (Варзоб, Зиддӣ), “Назар айлоқ” (Рашт, Назар Айлоқ, Шикорхона), “Талко Ресурс” (Айнӣ, Фон Яғноб) ва “Ангишт” (Исфара, Шӯроб) истеҳсол кардаанд.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, дар Тоҷикистон 16 ширкат муҷаввизи истихроҷи ангиштро ба даст овардаанд, ки ба шумули ширкатҳои ёдшуда боз 4 ширкат - “Дион ангишти Тоҷикистон” (Панҷакент, Ғузн), Комбинати металлургии тоҷик (Айнӣ, Фон Яғноб), “Ангишти Камароб” (Рашт, Назар Айлоқ, Кафтархона) ва “Ганҷи К” (Ҳисор, Чашмасанг) фаъол буда, бақия 6 адад - “Шӯробод” (Шамсиддини Шоҳин, Шӯробод), “Истиқлол” (Турсунзода, Тошқӯтан), “Сайёд” (Ваҳдат, Сайёд), “Сиёвуш Ф” (Панҷакент, Шишқат), “Қудрат 2010” (Мастчоҳ, Ғезан), “Помир” (Дарвоз) ва “Анавак” (Турсунзода, Ҳакимӣ) фаъол нестанд.

Лентаи хабарҳо
0