Муовини Бег Сабур ваъда дод: барои баланд бардоштани суръати интернет чораҳо меандешем

CC0 / Pixabay / Девушка пишет сообщение на телефоне
Девушка пишет сообщение на телефоне - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки имсол суръати интернет то 2,8 Гб секунд баланд карда шуд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ахиран, Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки барои баланд гаштани суръати интернети мобилӣ тамоми реҷаи кории ширкатҳои мобилӣ, яъне истгоҳҳои баъзавӣ бояд пурра аз 3G ба 4G гузаронида шаванд.

“Айни ҳол ин раванд на танҳо дар марказ, балки дар тамоми ҷумҳурӣ рафта истодааст ва дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Имсол суръати интернет то  2,8 Гб секунд баланд карда шуд”, - гуфт Илҳомҷон Атоев.

Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 3,18 миллион нафар муштариро дарбар мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Бек Сабур куҷост? Суоли нобоби нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа

Илҳомҷон Атоев зикр кард, ки барқарорсозии шабакаи Ҳукумати электронӣ дар байни вазорату идораҳои давлатӣ идома дорад.

“Айни ҳол 50 вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба шабакаи мазкур пайваст карда шуда, барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд”, - қайд кард Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳолати 30 июни соли равон азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилиро  бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон намунаи соли 2014 дар ҳаҷми 4 миллиону 68 ҳазору 537 муштарӣ анҷом додааст. 

Человек держит мобильный телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқа гуфт, чаро нархи интернет гарону суръаташ суст аст

Айни ҳол истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи тартиби мазкур азнавбақайдгириро нагузаштанд 2 миллиону 957 ҳазору 293 ададро ташкил медиҳанд.

Барои бақайдгирии саривақтии симкортҳо  бемории сироятии коронавирус монеа эҷод намуд. Азнавбақайдгирии симкортҳои муштариён  то моҳи феврали соли 2022 тамдид карда шудааст.

Дар шаш моҳи соли равон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 025 ҳазору 830 ададро ташкил медиҳад, аз он ҷумла 5 миллиону 325 ҳазору 978 ададашон муштариёни фаъол мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0