Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Юсуф Раҳмон: “Тафтиши парвандаи “Хӯҷа - Командир” ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст”

© SputnikЮсуф Рахмонов на пресс-конференции Генеральной прокуратуры РТ
Юсуф Рахмонов на пресс-конференции Генеральной прокуратуры РТ - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба “Хӯҷа - Командир”, ки ҳанӯз моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе интиқол ёфта буд, ҳамоно дар дасти тафтишот аст ва ниҳоӣ нашудааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, парвандаи ҷиноӣ нисбати Хӯҷа Каримов дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

“Парванда ҳанӯз такмил нашудааст. Пас аз анҷоми тафтишот ба суд ирсол хоҳад шуд”, - кӯтоҳ посух дод Юсуф Раҳмон.

 Парванда алайҳи Хӯҷа Каримов ё “Хӯҷа-Командир” ҳанӯз соли 2008 оғоз шудааст. Ӯ бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон муттаҳам мешуд ва дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Каримов Худжа Рахимович, Хуҷа-командир, бывший полевой командир  - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоми нав дар парвандаи Хӯҷа Командир: куштори як нафар ва гаравгирии дуи дигар

Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ноҳияи Ғозималики собиқ (ҳоло Хуросон) ва навоҳии атрофи онро таҳти назорат дошт.

 Маҳз дар ин айём гурӯҳи мусуллаҳи ӯ даст ба ҷиноятҳои зиёд, аз қабили куштор, сирқати амвол, одамрабоӣ ва ғайра мезанад, ки ҳукумати марказиро ба ташвиш меорад ва соли 1998 ӯро дар толори Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Каримов узваш буд, боздошт мекунанд. Аммо дере нагузашта ӯ раҳо шуд ва соли 2001 бо истифода аз нуфузи пуштибонҳои қавии худ аз пайгарди қонун ба хориҷ аз Тоҷикистон фирор кард.

Бино ба хабарҳои мухталиф, ӯ дар Малайзия сукунат ихтиёр карда буд. 30 июли соли гузашта Хӯҷа ва муҳофизу мураббии русашро мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай бо талаби мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд, аммо ба шарти берун нарафтан аз манзил раҳо карданд.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Хӯҷа Командир дар Дубай чандин хона дорад ва ӯро борҳо дар Дубайу Шарҷа ва шаҳрҳои дигари Имороти Муттаҳидаи Араб дида буданд.

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе истирдод ва тафтиши парвандаашро оғоз карданд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов эълон кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала