Дастури Раҳмонзода барои таъмири фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

© Sputnik / Николай Козловский / Гузариш ба медиабонкАэропорт в горах Хорога, архивное фото
Аэропорт в горах Хорога, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо дастури ёрдамчии Президент дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба таъмир фаро гирифта мешавад

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Раҳмонзода қарор доранд, ки аз ҷараёни омодагии вилоят ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дидан мекунанд.

Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ниқоб пӯшеду фосиларо нигоҳ доред: идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Бадахшон

Бар хабари котиботи раиси шаҳри Хоруғ, ҳайати корӣ нахуст аз фурудгоҳи ҳавоии маркази вилоят дидан намуданд ва Раҳмонзода дастур дод, то фурудгоҳ ба таъмир фаро гирифта шавад.

Гуфта мешавад, дар асоси супориши ёрдамчии Президент, қисматҳои харобгаштаи фурудгоҳ асфалтпӯш мешаванд ва инчунин аломату панҷараҳо низ аз нав рангубор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки авохири моҳи гузашта нахустин парвози ҳавопаймо пас аз таваққуфи тӯлонӣ ба ВМКБ сурат гирифта буд.

Нахустин парвози ҳавопаймо ба Бадахшон пас аз таваққуфи 1 сола: 16 сарнишинро бурд

Тайёраи Ан-28 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо 16 сарнишин аз шаҳри Душанбе дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ нишаст.

Ин нахустин парвоз мебошад, ки бо гузашти як солу чор моҳ анҷом шуда буд.

Инспектор ГИБДД, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бадахшон: дар 13 садамаи нақлиётӣ 7 нафар ҳалок ва 13 нафар ҷароҳатдор гардиданд
Ба изҳори халабони ҳавопаймо Шукрихудо Додихудо, бо зиёд шудани мусофирон имкони ҳамарӯза интиқол додани мусофирон аз пойтахт ба ВМКБ мавҷуд аст.

Аммо гарони нархи чипта ба эҳтимоли зиёд теъдоди парвозҳо ба ин вилоятро афзун намекунад.

Зеро нархи чиптаи парвоз аз Душанбе ба ВМКБ 900 сомониро ташкил медиҳад. Ин нарх дар ҳолест, ки давомёбии парвоз на беш аз 1 соату 30 дақиқа тӯл мекашад.

Сокинони ин вилоят пайваста аз гаронии нархи мошину ҳавопаймо изҳори нигаронӣ мекунанд. Зеро масрафи сафар ба Бадахшон ҳам тариқи роҳи заминӣ ва ҳам ҳавоӣ ба фарқ аз вилояти Суғд ниҳоят гарон аст.

Лентаи хабарҳо
0