Мутахассисон дар Чин монданд: вазири нақлиёт аз халали коронавирус гуфт

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, хуруҷи коронавирус ба татбиқи бисёри лоиҳаҳои сармоягузорӣ халал ворид кард

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Худоёрзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷумла мисол овард, ки бисёри мутахассисони чинӣ дар ватанашон дармонданд.

Молния в небе - Sputnik Тоҷикистон
Фавти ноболиғи 16 - сола аз оташак дар Панҷакент: подабонӣ рафт

Ба гуфтаи вазири нақлиёт, дар пайи хуруҷи коронавирус дар сохтмони роҳи Душанбе – Бохтар низ бархе мушкилот пеш омадаанд.

Ӯ тавзеҳ дод, 92 корманди чинӣ, ки аввали соли равон барои таҷлили соли навашон ба Ватан рафтанд, дармондаанд. Вазир афзуд, ки мактуб кардаанд, то кормандони чинӣ баргардонда шаванд, чун мутахассиси асосии ин лоиҳаҳо онҳо мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, аз мутахассисони дармонда дар Чин ҳудуди 40 нафарашон дар роҳи Душанбе – Бохтар кор мекарданд.

Худоёрзода таъкид кард, ки дар шароити пандемияи коронавирус бархе масоили лоиҳаҳои инвеститсиониро, аз ҷумла бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ тариқи онлайн баррасӣ ва ҳал мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала