Донишҷӯёни тоҷикро тариқи парвози вижа аз Русия ба Тоҷикистон бозгардониданд

Наздики 170 донишҷӯёи тоҷик, ки дар макотиби олиии Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, тариқи парвози вижа ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Рӯзи 14 июл тариқи парвози вижа донишҷӯёни тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд. Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Дар бораи қаллобон, парвозҳо ва издиҳом: Сатторов вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ дод

Дар умум 170 донишҷӯи тоҷик, ки  дар макотиби олиии Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, тариқи парвози вижа ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд.

"Тоҷик Эйр" шаҳрвандони дармонда дар Кореяро ба Тоҷикистон меорад

Ногуфта намонад, ки ҳамаи тоҷикони аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон воридшударо аввал аз ташхиси тиббӣ мегузаронанд.

Дар сурати манфӣ будани натиҷаи ташхис, мусофирон ба хонаҳояшон мераванд.

Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз АМА бозмегардонад: рӯзи парвоз дақиқ шуд

Имомуддин Сатторов қайд кард, ки тариқи ҳар парвози вижа аз 15 то 20 донишҷӯи тоҷик ба Ватан бозгардонида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала