Дуэти Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова: суруди "Парем" - ро бозхонӣ карданд - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ду сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон, Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова суруди гурӯҳи "Парем"- ро бозхонӣ карданд

ДУШАНБЕ, 16 июл  — Sputnik. Овозхонони ҷавон ва машҳури Тоҷикистон Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова суруди дуэт иҷро карда, қисме аз сурудро дар саҳифаашон нашр карданд.

Онҳо яке аз сурудҳои машҳури гурӯҳи "Парем"- "Танҳо дар ёд" - ро бозхонӣ карданд. Дар ин бора Чоршанбе Аловатов дар саҳифаи расимаш дар Инстаграм хабар додааст.

Публикация от Chorshanbe Alovatov (@alovatov_official)

"Дӯстони азиз ба наздикӣ дуэти мо нашр мешавад, биёед ҳамроҳ интизор мешавем", - мегӯяд Чоршанбе Аловатов.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Мадина Акназарова дар саҳифаи расмии Инстаграми худ ба мухлисон қисме аз суруди наваш таҳти унвони "Бадахшони зебо" -ро пешниҳод кард.

Хонум Акназарова таронаи навашро бо забони русӣ пешниҳоди ҳаводоронаш хоҳад кард ва дар навори видеоӣ чанд мисраи онро барои мухлисонаш пешкаш кардааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

@madinaaknazarovaofficial Прекрасный Бадахшан 🏔❤️ ______________________________

Публикация от Мадина Акназарова 🎤 (@aknazarovaofficial)

Ин яке аз он чанд сурудҳое мебошад, ки сарояндаҳо ба ватани худ ба забони русӣ бахшидаанд ва ба назар мерасад, ки порча бо тариқи замонавӣ бастубанд мешавад.

Лентаи хабарҳо
0