Иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷа дар ВМКБ

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание администрации города Хорог, архивное фото
Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Умедчон Носирзода, ноиби раиси ВМКБ, мегӯяд, дар давоми 6 моҳи соли равон қисми даромади буҷети вилоят ба андозаи 47 миллиону 929 ҳазор сомонӣ иҷро гардид

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Носирзода аз 47 миллиону 929 ҳазор сомонӣ даромади буҷаи вилоят дар 6 моҳи аввали соли равон хабар дода, таъкид намуд, ки нисбати нақша наздики 2 миллион сомонӣ бештар маблағ ба буҷа ворид гардидааст.

Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 22 миллиард: Нуралиев дороии ҳамаи ташкилотҳои молиявии кишварро гуфт

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, дар ҷаласаи ҷамъбастии шашмоҳа дар вилоят зикр шуд, ки дар вилоят 45 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки аз сабаби камчин будани шумораи коргарон ва ҳаҷми истеҳсолот қисмати зиёди онҳоро коргоҳ бояд ном бурд.

"Дар соли 2019 дар вилоят 16 чунин коргоҳҳо таъсис дода шуда, соли равон бошад таъсиси 9 коргоҳи дигар ба нақша гирифта шудааст. Диққати асосӣ ба зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ равона гардидаст, ки ин ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва коҳиш додани хаҷми маҳсулоти воридотӣ дар бозорҳои дохили вилоят мусоидат мекунад", - хабар дод котиботи ҳукумати ВМКБ. 

Манбаъ афзуд, афзоиши коркарди сангу мева, гиёҳои шифобахшу маҳсулоти чорво, обҳои маъданӣ инчунин таъсиси корхонаҳои истеҳсоли қубурҳои пластикӣ, дару тиреза, мизу курсӣ, духти либос ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи пешниҳодоте буданд, ки барои боло бурдани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ бояд амалӣ карда шаванд.

Инчунин зикр гардид, ки барои таъмини Истиқлолияти энергетикӣ дар вилоят ба маблағи зиёда аз 50 миллион доллари ИМА корҳо барои таъмини аҳолии ВМКБ ва вилояти Бадахшони Афғонистон бо нерӯи барқ лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ гардида истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0