Сохтмони бинои Ҳукумату Парлумон рӯзҳои наздик сар мешавад: Кумита гуфт дар се сол месозем

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯяд бунёди бинои нави парлумони Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар рӯзҳои наздик дар оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар ин бора Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар имрӯз зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт,  муттахасиссон як маротиба омаданд ва пандемия каме монеа шуд, аммо рӯзҳои наздик сохтмони он оғоз мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон лоиҳаи бинои Ҳукумату Парлумонро нишон дод: аз нарх то баландӣ ва беғаразии Чин

Номбурда гуфт, сохтмони биноҳо ба камияш давоми се сол тӯл хоҳад кашид, зеро биноҳо хеле боҳашамат мебошанд.

“Биноҳо бисёр калон аст. Масоҳати бино аз 42 то 44 ҳазор метри мураббаъ, ки аст, то се –чор солро дар бар мегирад ва ба сифат низ аҳамияти зиёд медиҳем”-гуфт Аҳмадзода.

Ӯ гуфт бунёди ин биноҳо аз сӯи чиниҳо сурат мегирад ва бар асоси гуфтушуниб бояд 80 фисади кормандон маҳаллӣ бошанд.

Гуфта мешавад, ин ду тарҳ  дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии Чин бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ амалӣ карда мешавад.

Қаблан дафтари матбуотии президент гуфт, “Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 11 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад”.

Бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз - 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0