Вазири маориф санаи оғози соли нави хонишро эълон кард

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, ки имсол аз 17 август соли таҳсили 2020-2021 шурӯъ мешавад

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Имомзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сабаби барвақт оғоз шудани соли таҳсилро ба таътили пеш аз муҳлати муҳассилин дар шароити пандемия рабт дод.

Каримов Худжа Рахимович, Хуҷа-командир, бывший полевой командир  - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоми нав дар парвандаи Хӯҷа Командир: ба пой ва бадани марди 62 - сола тир холӣ кард

"Зарурати моҳи август оғоз гардидани соли нави хониш имсол, ин пеш аз муҳлат ба таътил равон намудани хонандагони мамлакат мебошад, ки сабаби он эълон шудани пандемия мебошад", - хабар дод "Ховар" аз қавли вазири маориф ва илм.

Инчунин таъкид шудааст, ки ба сифати таҳсилот, азхудкунии барномаҳои таълимӣ, вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва вазъи таъминот бо китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи хос дода мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, барои соҳаи маориф дар соли 2020, аз ҷумла барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 299 млн. 223 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти умумӣ 2 млр. 838 млн. 590 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ 75 млн. 499 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ 222 млн. 365 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти олии касбӣ 781 млн. 516 ҳазор сомонӣ ва барои дигар хароҷот 787 млн. 460 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала