13 корхонаи шаҳри Хуҷанд ба маблағи 37,8 миллион сомонӣ ниқобҳои тиббӣ истеҳсол кард

© © SputnikМаруф Мухаммадзода
Маруф Мухаммадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Хуҷанд ба хабарнигорон иттилоъ кардааст, ки дар даврони паҳншавии вируси корона корхонаҳои саноатии шаҳр ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ, либосҳои махсус ва маҳлулҳои безараргардонӣ рӯ оварданд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ахиран ба хабарнигорон иттилоъ додааст, ки 13 корхонаи саноатии шаҳр ба маблағи 37,8 миллион сомонӣ ниқобҳои тиббӣ, либосҳои махсус ва маҳлулҳои безараргардонӣ истеҳсол кардаанд.

Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ниқоб пӯшеду фосиларо нигоҳ доред: идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Бадахшон

Вай афзудааст, ки корхонаҳои мазкур то дар давраи дунёгир шудани коронавирус аҳолӣ ва муассисаҳои тиббиро таъмин кунанд.

 Ба нақл аз сомонаи ҳафтаномаи “Фараж”, қаблан маҳсулоти мазкур асосан аз хориҷ ворид мешуд.

“Дар 6 моҳи соли равон 4,2 миллион ниқоби тиббӣ истеҳсол шудааст. Аз оғози пайдоиши коронавирус маъмурияти шаҳр барои хариди дору ва дигар лавозимоти тиббӣ беш аз 380 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд. Айни замон дар шаҳр 16 муассисаи тиббӣ фаъолият мекунанд, ки бо 75 дастгоҳи нафаскашии сунъӣ таъмин ҳастанд”, — гуфт раиси шаҳи Хуҷанд.

Ба гуфтаи вай, барои табобати беморони коронавирус 4 бемористон, аз ҷумла Бемористони клиникии вилоятӣ, Таваллудхонаи шаҳрӣ, Бемористони шаҳрии №2 ва Бемористони касалиҳои сироятии шаҳр масъул шуда буданд.

Барои муоинаи таъҷилии аҳолӣ ва ба муроҷиаткунандагон додани машваратҳои аввалияи тиббӣ 53 бунгоҳи иловагии тиббӣ ташкил шудааст.

Лентаи хабарҳо
0