Ҷамшед Нурмаҳмадзода: коронавирус низоми бонкии кишварро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ кард

© Национальный банк ТаджикистанаГлава Нацбанка Таджикистана Джамшед Нурмахмадзода
Глава Нацбанка Таджикистана Джамшед Нурмахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон таъкид дошт, ки низоми бонкии кишвар дар замони паҳншавии COVID-19 дар моҳҳои апрел-июн ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки дар ин давра ба сабаби паҳншавии вируси корона дар кишвар 107 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ фаъолияти худро қатъ карданд.

Глава Нацбанка Таджикистана Джамшед Нурмахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дақиқ гуфт, интиқоли пул чӣ қадар кам шудааст

Вай афзуд, 1212 нафар бо сабаби корношоямӣ ва 2770 нафар кормандони ташкилотҳои қарзӣ ба рухсатии бемузд равона карда шуданд.

Аммо новобаста аз ин, дар ин давра дар Тоҷикистон 29 маркази хизматрасонии бонкии нав таъсис дода шуд.

Ҳамзамон, Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр кард, ки ба санаи 30 июн бонкҳои кишвар ба зиёда за 100 ҳазор адад муштариёни худ ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ имтиёзҳо пешниҳод намуданд.

“Аз ҷумла мӯҳлати пардохти қарзҳои зиёда аз 28 ҳазору 600 муштариён ба маблағи 800 миллион сомонӣ тамдид карда шуд. Зиёда аз 43 миллион сомони ҷаримаҳои ҳисобшуда ба муштариён бахшида шуданд. Инчунин бонкҳои кишвар чанд амали дигар, ба монанди бахшидани фоизҳо, бо пули милли пардохт кардани қарзҳои бо асъори хориҷӣ гирифташударо низ анҷом доданд”, - таъкид дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Инчунин, вай ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки суръати афзоиши қарзҳои додашуда дар шаш моҳи соли равон коҳиш ёфта, нисбат ба семоҳаи аввали соли ҷорӣ 43,5 дарсад ё ин ки 1 миллиарду 101 миллион сомонӣ кам гардидаст.

Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст

Вай гуфт, баъд аз ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар даврони қарантина, раванди қарздиҳӣ рӯ ба афзоиш аст ва ӯ боварӣ дорад, ки дар дар оянда ин раванд боз ҳам беҳтар мегардад.

Тибқи иттилои раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳачми қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 3 миллиарду 959 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9 дарсад ё ин ки 392 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала