Шӯрои уламо дар бораи дузанагӣ: иҷозат ҳаст, агар...

© дафтари матбуоти Кумитаи дини ТоҷикистонСулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон зимни гусели зоирини тоҷик ба Ҳаҷ
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон зимни гусели зоирини тоҷик ба Ҳаҷ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон масъалаи дузанагиро марбути ҷомиаи шаҳрвандӣ арзёбӣ кард

 ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Сулаймон Давлатзода, ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, гуфт, ниҳоди ӯ робитаи иттиҳодияҳои динӣ ва ҳукуматро танзим мекунад ва масъалаи дузанагӣ дар сатҳи ҷомиаи шаҳрвандӣ ҳал мешавад.

“Агар ҷомиаи шаҳрвандӣ дарк мекунад, ки як чунин мушкилӣ ҳаст, метавонад матраҳ кунад. Агар ба озодии виҷдон рабт дошта бошад, мо метавонем онро ба баррасӣ гирем, аммо ҳамоно беҳтар аст дар сатҳи ҷомиаи шаҳрвандӣ баррасӣ шавад, чун мушкил шаҳрвандист”, - гуфт Сулаймон Давлатзода.
Женщины в Мельничной колоннаде - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: дузанагӣ дарди сари мардҳо мешавад

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ин бора вақте изҳори назар кард, ки аз ӯ ва ҳам раиси Шӯрои уламо пурсида шуд, оё зарурати қонунӣ кардани дузанагӣ дар кишвар ҳаст ва ин ниҳодҳо дар ин амр чӣ кор мекунанд, чун дузанагӣ як падидаи ошно ва воқеияти ҷомиаи Тоҷикистон бошад ҳам, қонун онро инкор ва садҳо нафарро таҳти қамчини худ нигаҳ медорад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон бо таъкиди ин, ки аз нигоҳи қонунгузории кишвар дузанагӣ манъ аст, гуфт, ӯ ҳамчун раиси Маркази исломӣ назарашро аз нигоҳи дин мегӯяд. Вай гуфт, дар масъалаи бисёрзанӣ аслан дар Қуръони азимушаън бисёр таъкид шудааст, ки шумо адолатро ба ҷой оварда наметавонед ва ин кор – зиндагӣ бо чанд зан басо мушкилу душвор аст.

"Як духтар дорам, чӣ хел бе тӯй шавҳар диҳам?" Чаро Кумитаи дин туйро манъ накардааст

“Аммо дар зиндагӣ мушкилиҳо душвориҳо зиёданд. Маризиву дигар мушкилот вуҷуд доранд, ки мардро водор мекунанд, тасмимашро бигирад. Мабодо чунин шавад, дар ҳолати зарурат инсон метавонад мувофиқи дин ва шариат издивоҷи дуввум дошта бошад”,- гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.

 

Моддаи 170, ки соли 1999 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид шудааст, барои дузанагӣ ё серзанагӣ ё бо ду ё якчанд зан зиндагӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумиро бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда (як нишондиҳанда – 58 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо таъин кардааст.

Лентаи хабарҳо
0