Кумитаи рушди сайёҳӣ: шумори гардишгарон хориҷӣ дар даврони пандемия ба маротиб коҳиш ёфт

CC BY-SA 2.0 / letsgopens87 / IMG_4138Туристы в горах Таджикистана, архивное фото
Туристы в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Масъулини Кумитаи рушди сайёҳӣ эълон доштанд, ки бино бар паҳншавии вируси корона ва баста шудани марзҳои шумори гардишгарони хориҷӣ, ки аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон диданн мекарданд, ба маротиб коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 341,7 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд, ки аз ин нишондод 306,8 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегарданд.

Туристы идут в поход - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии ВМКБ барои қабули сайёҳон дар замони ҳамагирии COVID - 19

Манбаъ таъкид дошт, ки ин нишондиҳанда мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 243,4 ҳазор ё ин ки 44,2 фоиз кам шудааст, яъне соли сипаришуда шумораи махзкур 550,2 ҳазор нафарро ташкил медод.

Ҳамзамон манбъа қайд кардааст, ки дар ин давра панҷ маротиба ҷаласаи Комиссисяи иҷозатномадиҳии фаъолияти сайёҳӣ доир гардида, бо қарори Комиссия 23 адад ширкатҳои ҳавасманд соҳиби иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ гардиданд, ки аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 10 ширкат, ВМКБ 6 ширкат, вилояти Суғд 4 ширкат, вилояти Хатлон 2 ширкат ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ 1 ширкат ташкил медиҳад.

“Шумораи умумии ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо 223 адад расонида, аз ин шумора дар ВМКБ 44 ширкат, шаҳри Душанбе 108 ширкат, вилояти Хатлон 19 ширкат, вилояти Суғд 40 ширкат два дар ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ 12 ширкат кору фаъолият менамоянд”, - зикр кард Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.

Инчунин, манбаъ иттилоъ додааст, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2020 дар ҷумҳурӣ 188 меҳмонхона, 26 адад хостелҳо ва мотелҳо, 45 адад осоишгоҳҳо, 8 адад марказҳои мулоиҷавӣ ва дармонгоҳҳи солимгардонӣ, 10 адад хонаҳои истироҳатӣ, 1 адад пансионат, 1 адад кемпинг ва 4 адад пойгоҳҳои сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият намуданд.

Фанские горы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва 9 кишвари дигари назарногир барои сайёҳон - акс

“Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои рушди соҳаи сайёҳӣ аз ҷумла инфрасохзтори соҳа, ҳамкориҳо бо ниҳодҳои байналмилалӣ молиявӣ тақвият додашуда ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки ҷаҳонӣ 30 миллион доллар ва Бонки Осиёии Рушд 10 миллион доллар барои татбиқи лоиҳаҳои “Рушди иқтисодиёти деҳот” ва “рушди сайёҳӣ” равона карда мешавад”, таъкид доштаан масъулини Кумитаи рушди сайёҳии зимни нишасти матбуотӣ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала