Суқути ҳавопаймо дар Амрико: ба манзили истиқоматӣ сарозер шуд

© AP / Mike GrollМашина скорой помощи в США, архивное фото
Машина скорой помощи в США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳангоми суқути ҳавомаймо ба манзили истиқоматӣ дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико се нафар, аз ҷумла як кӯдак ҳалок шуданд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар ғарби Иёлоти муттаҳидаи Амрико ҳавопаймои сабуки якмотордори Piper 32 суқут кард, хабар медиҳад телевизиони Fox 13.

Дар интернет сандаҳои нав дар бораи суқути MH17 пайдо шуданд - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
 Дар интернет сандаҳои нав дар бораи суқути MH17 пайдо шуданд

Ҳодиса дар шаҳри Уэст-Ҷордани Амрико дар иёлоти Юта рух додааст. Маълум аст, ки ҳавопаймо ба манзили истиқоматӣ суқут кард.

Сабаби ҳодиса феълан маълум нест.

Бино бар иттилои расмӣ, дар натиҷаи суқути ҳавопаймо ба хонаи истиқоматӣ се нафар, аз ҷумла кӯдак қурбон шудаанд.

Афзун бар ин, се нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҳодиса пайдо шудааст. Дар он дида мешавад, ки пас аз суқути ҳавопаймо ба манзил сӯхтор сар задааст.

Таъкид мегардад, ки оташ ба манзилҳои ҳамсоя гузаштааст. Бино бар иттилои пешакӣ, се манзил хароб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0