Талоқу никоҳ кам шуд: масъулини кумитаи омор рақамҳои ҷадид интишор карданд

Шумори никоҳи бақайдгирифтаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 10,5 фоиз кам шуда, 30,0 ҳазор ҷуфти никоҳро ташкил кардааст

ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik.  Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ масъулини Кумитаи омори Тоҷикистон эълон карданд, ки камшавии бақайдгирии никоҳ дар моҳи январ -июни соли 2020 нисбат ба моҳҳои январ – июни соли 2019 дар ҳамаи минтақаҳо мушоҳида шудааст.

Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Омори ҷадиди маргу мир дар Тоҷикистон: таввалуд коҳишу фавт афзоиш ёфт

Ба гуфтаи онҳо, дар вилояти Суғд бақайдгирии никоҳ дар ин давра 7,1 фоиз кам шуда, 7,9 ҳазор ҷуфтро ташкил дод, дар вилояти Хатлон 9,3 фоиз, дар ВМКБ 5,6 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12,9 фоиз ва дар Душанбе бошад бақайдгирии никоҳ дар ин давра 20,1 фоиз кам шуда, 2,2 ҳазор ҷуфтро ташкил намуд.

Кумитаи омор инчунин, дар бораи шумораи талоқҳои бақайдгирифташуда низ қайд кард.

Бино бар иттилои Кумитаи омор дар моҳҳои январ – июни соли соли 2020-ум 5498 воҳидро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 9,6 фоиз ё 586 воҳид талоқ кам шудааст.

Масъулини кумитаи омор дар нишасти матбуотӣ зикр карданд, ки камшавии шумораи талоқ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар вилояти Суғд шумораи талоқҳои бақайдгирифташуда 10,3 фоиз кам шуда, 1922 воҳид талоқ, дар вилояти Хатлон 6,9 фоиз, дар шаҳри Душанбе 5,0 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13,4 фоиз ва дар ВМКБ бошад бақайдгирии талоқ дар ин давра 18,4 фоиз кам шуда, 80 воҳиди талоқро ташкил намуд.

Шумораи талоқ ба 1000 никоҳи басташуда дар моҳҳои январ-июни соли 2020-ум 183 талоқ рост  омадааст. Бояд гуфт, ки дар моҳи январ-июни соли гузашта 182 талоқ рост омада буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала